Солеҳа дар зери чархи мошин ҷон доду...
Вазорати умури дохилии кишвар аз марги боз як зани тоҷик бар асари садамаи нақлиётӣ хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, санаи 15 май, тахминан соатҳи 08:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Пиров Абдусатор Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Зафар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Холиқова Солеҳа Ҳолмаҳмадовна, соли таваллудаш 1983 ва Рабиева Ганҷина, соли таваллудаш 2004, сокинони пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Холиқова С.Ҳ. ҷароҳатои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ноболиғ Рабиева Г.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рўи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.