Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март 15 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора Федератсияи иттиқофҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар додааст.
Дар асоси Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид", агар ҷашни расмии давлатӣ ба рӯзи ғайрикорӣ (шанбе ё якшанбе) рост ояд, рӯзи кории баъдӣ низ рӯз истироҳат мешавад. Рӯзи модар, ки санаи 8-уми март таҷлил мешавад, ба рӯзи шанбе рост меояд. Аз ҳамин сабаб сокинони кишвар рӯзҳои 8, 9 ва 10-уми март истироҳат мекунанд.
Иди Наврӯз расман рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март таҷлил карда мешавад. Азбаски 22-23-юми март ба рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост меояд, рӯзҳои 25 ва 26-уми март низ истироҳатӣ хоҳад буд.
Ҳамин тавр, сокинони Тоҷикистон дар моҳи март бо шумули рӯзҳои истироҳат ва ҷашнҳо 15 рӯз истироҳат хоҳанд кард: 1, 2, 8, 9, 10, 15, 16, 21, 22, 23, 24, 25,26, 29 ва 30-юми март.