Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон аз рух додани як ҳодисаи нохуш хабар дод.
Бино ба иттилои КҲФ, 19-уми июли соли 2025, тахминан соати 18:20 шаҳрванд Абдурасулова Б. А., санаи таваллудаш 30.06.1997, сокини ҷамоати деҳоти С. Айнӣ, деҳаи Гулистони ноҳияи Хуросон, оиладор ва соҳиби 5 фарзанд, бо сабабҳои номаълум худро аз болои пули мошингузари ҳудуди ноҳияи Кушониён ба дарёи Вахш партофтааст.
Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат дар ҷараёни корҳои наҷотдиҳӣ шаҳрвандро тақрибан 500-600 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса зинда аз об наҷот дода, ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ расонидаанд. Сипас, ӯ ба беморхонаи марказии ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён интиқол дода шуда, ба кормандони тиб супорида шудааст.
Гуфта мешавад, ки айни ҳол вазъи саломатии ӯ хуб буда, дар беморхона бистарӣ шудааст.