Дафтари «сиёҳ»
Садбарг (номи мустаор) аз яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба суроғи банда омада, мехост қиссаи тақдири талхашро дар ҳафтаворе ба нашр расонем, то ба шавҳараш исботи бегуноҳиаш ва ба дигарон дарси ибрат шавад. Ў ба наздам дафтареро гузошта хастаҳолона пичиррос зад: - “Ин ҷо ҳамааш навишта шудааст… Садбарг дар деҳа дар оилаи деҳқон ба дунё омадаву пас аз хатми мактаб ба ҷавоне аз деҳаи ҳамсоя ба шавҳар мебарояд. Шавҳараш пас аз дувоздаҳ рўзи тўй, арўсакашро гузошта, ба Русия меравад, зеро барои гузаронидани туяш қарз гирифта буду онро гардонан лозим меомад. Бо ҳамин, се сол баъд бармегардад, ки писарчааш аллакай дусола шуда буд. Ин даъфа, шавҳари Садбарг ҳамагӣ як моҳ бо аҳли оилааш мемонаду боз ба муҳоҷират меравад, зеро додари хурдияшро зан додан лозим буд.
Пас аз рафтани шавҳар Садбарг худро бад ҳис карда, ба беморхона мераваду духтурон баъд аз ташхис дар ў бемории шамолхурии шушро ошкор карда маслиҳат медиҳанд, ки дар беморхона хобад. Ҳарчанд, хусуру хушдоманаш розӣ набуданд, вале падари Садбарг ўро ба беморхона хобонида, аз ҳисоби худ табобат мекунад, зеро оқибати бетабобат монданашро ногувор арзёбӣ карда буданд. ҳангоми дар беморхона буданаш додари шавҳараш ба хабаргирияш омада, духтури табобаткунандаашро назди янгааш дида, инро бо обу ранги зиёд ба акааш мерасонад, шавҳари Садбарг гўё маътали ишорат бошад, худи ҳамон лаҳза ба ҳамсараш смс-талоқ мефиристад. Бо ҳамин як калимаи даҳшатнок риштаи муқаддаси издивоҷ канда, оилае парешон ва тифлаке дар нимароҳи қисмат ҳайрон мемонад.
Чун ба Садбарг гуфтам, ки чаро намехоҳад номи шавҳару макони зисташро дар ҳафтавор нашр кунем, бо чашмони пурнам гуфт: - “охир, ман аз зиндагиям умед дорам”. Қиссаи зиндагии Садбарг дар ҳафтаворе чоп шуд ва онро ба Русия ба шавҳараш фиристод, вале мутаассифона, ин ҳам натавонист ҷоми аз туҳмати ноҳақ шикастаи меҳри эшонро пайваст кунад. Аммо то ҳол чеҳраи маҳзуну чашмони пуроби ин ҷавонзани зебо аз пеши назарам дур намераванд, ба мардуми мо чӣ шудааст, ки ба муқадасоте чун оила чунин рафтор мекунанд?
Издивоҷ «холабозӣ» нест…
Издивоҷ пайванди муқаддаси байни марду зан мебошад, ки бар дӯши ҳарду масъулияти бузургеро мегузорад. Ин масъулият аз муносибат бо пайванону атрофиёни ҳамдигар оғоз гирифта, бо рисолати муҳимтарини инсонҳо дар ин дунё тарбияи фарзанди солеҳ идома меёбад. Баъзан, вайрон шудани оилаҳои ҷавонро, ки мутаасифона дар замони мо хеле бисёр сурат мегирад, мушоҳида карда, ба хулосае меоем, ки ҳама одатҳои наҷиби ниёгони мо оҳиста-оҳиста аз байн рафта истодаанд. Солҳои пеш ҷудоии як оила, дар як маҳал даҳшат ба ҳисоб мерафту пирони он мавзеъ кушиш мекарданд низоъи байни ҷавонон ба вуҷуд омадаро бо панду насиҳат ҳал намуда, ҷудоиро пешгирӣ кунанд. Имрўз, аксарият ба ин мушкили ба амал омада, аз пушти панҷа нигариста, дар баъзе мавридҳо ҳатто волидайн ба фарзандони худ маслиҳате намедиҳанд. Дар ин ҳолат бояд дар сари авлод пире бошад, ки ба ҷавонони ба доми қаҳру ғазаб афтода, фаҳмонанд, ки никоҳ ин «холабозӣ» нест, он пайванди қудсиест, ки дар шоҳидии даҳҳо нафар, бо амри Худо баста мешаваду зану шавҳар, хоса мард ба ҳозирин дар пеши Парвардигор ваъда медиҳад, то ҳамсарашро дар тамоми пасту баланди зиндагӣ ҳамдаму ҳамрозӣ хоҳад кард.
Зан ҳаргиз ғуломи ҳалқабаргўш нест!
Байни мардуми мо як ақидае роиҷ аст, ки келини хонадон бояд хизматгори хешу табори шавҳар бошад ва ба келини нағз ҳам, чунин баҳоро сазовор медонанд, «келини хизматгор аст». Ин хеле хуб аст, ки зани тоҷик то имрўз анъанаҳои неки ниёгони худро пос дошта, барои атрофиёни шавҳар чун ёвару мададгор хизмат мекунад. Аммо дар баъзе оилаҳо аз ин «хизматгорӣ» истифода бурда, ҳуқуқҳои занро тамоман паст мезананд. Инро дар мисоли мусибати ба сари Садбарг омада дидан мумкин аст, ба додаршўй кӣ ҳақ додааст, то ба зиндагии шахсии бародарашу ҳамсари ў дахолат кунад?!
Аз рўи навиштаҳои ин зани ба туҳмат гирифтор бармеояд, ки духтури табобаткунандааш аз чилупанҷ калон буда, назари баде надоштааст. –“Ҳангоми омадани додаршўям низ, ў на танҳо бо ман, балки бо як зани ҳампалатаам низ, ҳар гуна маслиҳатҳо медод” – мегўяд, бо оби дида Садбарг. Мутаасифона, шавҳари Садбарг ба гапи бепояи додараш бовар карду ба ҳамсараш, ки муддати чор соли хонадорияш бе ў, хизмати пайвандонашро карда мегашт - не. Садбарг мегўяд, то ҳол духтур аз вазъияти ба сари ман омада, хабар надорад, зеро ман шарм доштам барои исботи бегуноҳии хеш ўро ба миён дарорам, мегӯяд ӯ.
Аз навиштаҳои ин зан бармеояд, ки ҳевараш доим ба зиндагии онҳо дахолат карда, акаи дар ғарибиҳо азоб кашидаашро бо занаш ҷанг меандохтааст. Зан ғуломи ҳалқабаргўши аҳли хонаводаи шавҳар нест! Инро бояд аз кўдакӣ дар зеҳни фарзандонамон ҷо намоем. Арўси хуби хонадон будан дигар асту зери юғи хушунати чанд ҷоҳил азоб кашидан дигар. Танҳо байни мардуми тоҷик одате ҳаст, ки (дар баъзе минтақаҳо) вақте ҳамсар бемор мешавад ўро ба хонаи модараш мебаранд, то табобат гирифта, боз дар хизмати шавҳар ҳозир шавад. Фақат тоҷик (ин ҳам дар баъзе минтақаҳо) шарм надошта, ҳамсари ҳомиладорашро барои таваллуд кардан ба хонаи волидонаш мебарад, то фарзандашро чилрўза карда, баъд ба хонааш биёранд. Оё ин чун бо ғулом муносибат кардан нест? Агар паҳлӯи дигари ин мушкилро таҳлил кунем, мардони мо дар ин ҳолатҳо нисбати модари фарзандонашон хушунати ҷисмониро раво мебинанд.
Ба мо тарбияи ахлоқӣ намерасад
Инсоният аз ибтидо талошу такопўҳои зиёде барои ба меъёр даровардани ахлоқи башар сарф мекунад. Аз замоне, ки инсоният чун мавҷудоти дорои фикру андеша ва хирад шинохта шудааст, ахлоқ яке аз мавзўҳои муҳими зиндагиаш будааст. Зеро ахлоқи накў нишонаи одам будан асту инсонро танҳо бо хиради созандааш аз ҳайвон фарқ мекунанд. Дар тамаддуни умумибашари ҳамтои миллати тоҷикро ёфтан душвор аст, ки бузургони илму адабаш ҳамагӣ бузургтарин асарҳояшонро ба ситоиши ахлоқи накў бахшидаанд. Аламовар аст агар гўем, ки ба мардуми мо имрўз, тарбияи ахлоқӣ намерасд, вале чӣ тавон кард ҳақиқат талх асту шуниданаш вазнин. Пош хурдани оилаҳои ҷавон, бо майдатарин гап ба забон овардани калимаи талоқ, зиндаятим кардани фарзандон ва сарфаҳм нарафтан ба тартиби зиндагии оилавӣ низ, аз набудани ахлоқи ҳамида маншаъ мегирад. Мутаасифона, смс-талоқ низ, самараи ҳамин бефарҳангиҳост, вагарна марди аз оинҳои ҷавонмардию одамгарӣ ва аҳкоми шариат бохабар, ҳаргиз ба чунин амали номатлуб даст намезанад. Пеш аз он ки занеро бадбахт, кўдакеро дар ба дар ва оилаи навсохташро вайрон мекунад, бояд мушкили пешомадаро омўхта, баъд ба хулосае биёяд. Дар ин роҳ пирони таҷрибадор, волидайн, аҳли ҷомеа, раисони маҳалҳо бояд маслиҳатгари ҷавонон бошанд.
ДИЛОШӮБ