Arzon march 2024
Сӯхтори вагони муҳоҷирони тоҷик дар Маскав
874

 

Муҳоҷирати меҳнатӣ ба як ҷузъи ҳаёти мардуми тоҷик табдил ёфта, ҳамасола ҳазорон-ҳазор сокинони кишвари мо ба хотири дарёфти ризқу рӯзии худ ва аҳли хонаводаашон ба Русия ва дигар кишварҳо ба муҳҷирати меҳнатӣ мераванд. Албатта ғарибӣ дарди сахт аст ва дар мулки ғурбат ба сари тоҷикони муҳоҷир фалокатҳои зиёде меоянд.

Чанд лаҳза пеш дар Ютуб навори видеоие пайдо шуд, ки аз Русия наворбардорӣ шуда аз сар задани сӯхтор дар вагонҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зиндагӣ мекарданд, хабар медиҳад.

Сӯхтор шаби гузашта, тахминан соатҳои 19:30 дар вилояти Москва, шаҳри Одинцово сар зада, вагонҳое, ки ҷойи хоби муҳоҷирони тоҷик будаанд, оташ гирифтаанд. Дар навор дида мешавад, ки чи тавр алангаи оташ ба фавлак печида, муҳоҷирони ваҳшатзада бо садоҳои пуртаҳлука“илтимос, коре кунед, ки оташ ба вагони мо начаспад” ва “касе, ки ҳуҷҷат надорад, зудтар гурезед” гӯён, кӯшиши хомӯшсзии сӯхторро менамоянд ва рафиқони ҳуҷҷат надоштаашонро ба фирор намудан талқин мекунанд.

Дар натиҷаи ин сӯхтор ҳуҷҷат, пул ва либосҳои якчанд нафар тоҷикон сӯхта нобуд шудааст, вале дар боби мавҷуд будан ё набудани талафоти ҷонӣ дар байни муҳоҷирон бар асари сӯхтор дар шаҳри Одинцово ҳанӯз маълумоти дақиқе настрас нагаштааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД