Formula novemver 2024
Сӯхтори мошин. Яке фавтиду чанде захмӣ шуд
785

 

Як корманди нуқтаи сӯзишворӣ дар ҷамоати деҳоти Чорбеди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бар асари сӯхтори шадид дар як бензинкаш ба ҳалокат расидааст.

Бино ба гузориши сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ин ҳодиса дирӯз, 15-уми август тахминан соати 22:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух додааст.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳо фавқуллода хабар додааст.

Дар гузориш омадааст, ки мошини тамғаи КАМАЗ, ки ба ҶДММ “Соро ойл” таалуқ дорад, бензин мекашид, бо сабабҳои номаълум дар назди ошхонаи “Давлатовҳо” ки воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чорбеди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст, оташ гирифт, ки ин оташ ба ошхона расидааст ва дар натиҷа биноро пурра ба коми худ кашидааст.

Дар ин сӯхтор як корманди нуқтаи таъмини сӯзишворӣ ба ҳалокат расида, ду шаҳрванди дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шудаанд. Шахси фавтида сокини кӯчаи Заҳматободи шаҳри Душанбе буда, 28 сол доштааст.

Ҷароҳатбардоштагон бошанд, яке сокини 42-солаи ҷамоати деҳоти Харангони ноҳияи Варзоб ва дуюми сокини деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор буда, 45 сол доштааст.

Мақомот сабаби сар задани сӯхторро таҳқиқ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД