Сӯхтори азиме, ки субҳи имрӯз дар як маҷмааи савдо бо 3000 мағоза дар пойтахти Бангладеш сар зад, идома дорад. Сӯхторнишонон ва кормандони артиш барои хомӯш кардани он талош мекунанд.
Дар ин хусус хабаргузории Ройтер иттилоъ медиҳад.
Дар оташсӯзӣ, ки субҳи сешанбе оғоз шуд, то ҳол талафоти ҷонӣ дар назар нест, аммо баъд аз паҳн шудани оташ дар минтақаи тангу серодами Бангабазор-макони бозорҳои машҳури матои кишвар, кормандони артиш барои кӯмак даъват шуданд.
Аксари дӯконҳо бар асари оташсӯзӣ ба хокистар табдил ёфтаанд, аммо бо назардошти он ки сӯхтор дар соатҳои барвақти субҳ пеш аз кушодашавии аксари дӯконҳо сар задааст, дар бораи он, ки нафаре дар дохили он мондаанд, маълумоте нест.
Як масъули сӯхторнишонӣ гуфт, дуди ғализ минтақаро фаро гирифта, алангаи оташ аз маҷмаа дида мешавад, ки ба талошҳои наҷотбахшӣ халал мерасонад.
“Ман дар умрам чунин оташро надидаам. Ҳама чиз дар дӯконам сӯхтааст”, - мегӯяд Абдул Маннон, яке аз савдогарон ҳангоми сӯҳбат бо наздиконаш.
Рӯзномаи “Дейли Стар” навиштааст, ки дӯкондорон дар Бангабазор, ки аксаран дӯконҳои матоъро дар бар мегирад, барои омодагӣ ба ҷашни ид захира карда буданд ва аксари матоъҳои онҳо дар оташ несту нобуд шудаанд.