Соатҳои 11-и имрӯз дар мавзеи фурудгоҳи шаҳри Душанбе сӯхтор сар зада, алангаи оташу дӯди он ба фалак печид. Дар ин бора, сомонаи Пресса. ТЧ бо бознашри як видео аз ҷойи ҳодиса хабар додааст...
Манбаъ мегӯяд, сӯхтор на дар худи фурудгоҳ, балки дар як чойхона, ки дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Душанбе воқеъ гаштааст, сар задааст. Сабаби сар задани сӯхтор ва дар рӯзи равшан ба коми оташ рафтани чойхона ҳанӯз маълум нест.
Мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуда, наҷотдиҳандагон кӯшиш карда истодаанд, ки сӯхторро ҳарчи зудтар хомӯш намоянд.
Дар бораи сабабҳои ин ҳодисаи нохуш ва талафотҳои бар асари сӯхтор ба вуҷуд омада мо баъдан ба шумо маълумт хоҳем дод.