Бар асари сӯхтори бозори “Фаровон” дар шаҳри Бохтар 9 нафар зарар дидаанд ва ҳолати яке аз захмиён хеле вазнин арзёбӣ карда мешавад. Маҳмад Сафаров сокини шаҳри Бохтар буда, бар асари сӯхтор саломатиаш сахт осеб дидааст. Ба гуфти табибон 90%-и бадани ин мард сӯхта, ҳолаташ хеле вазнин мебошад...
Сӯхтор дар бозори “Фаровони Қурғонтеппа” шаби 1-уми июн, тахминан соатҳои 22.00 сар зада, қисми зиёди ин бозори калон ба коми оташ рафтааст. Мошинҳои оташнишонӣ аз дигар ноҳияҳои вилоятиХатлон низ барои хомӯш кардани алангаи оташ ба шаҳри Бохтар оварда шуданд, вале бо ин ҳама талош танҳо соатҳои 3-и шаб сӯхторхомӯшкунандагон тавонистанд сӯхторро хомӯш намоянд. ҶДММ “Фаровон Қӯрғонтеппа” яке аз калонтарин бозорҳои шаҳри Бохтар буда, фурӯшандагони зиёд дорад. Аз оташ гирифтани ин бозор соҳибкорон зарари бисёр дидаанд.
Тавре ки Пресса. ТЧ менависад, то ҳол дар бораи талафоти ҷонӣ бар асари сӯхтори бозори “Фаровони Қурғонтеппа” ба қайд гирифта нашудааст, вале чанд нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар бистарӣ карда шудаанд.
Тавре ки Хушнуд Баҳодуров, сардухтури Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар қайд кардааст: “Дирӯз 9 нафарро бо ҷароҳат ва фишорбаландӣ ба беморхона оварданд. Ҳашт нафарро бадъи муолиҷа ва муътадил гаштани вазъи саломатияшон рухсат кардем. Вале ҳолати як нафар сокини шаҳри Бохтар — Маҳмад Сафаров вазнин аст. 90 дар сади баданаш сӯхтааст. Ӯро аввал ба беморхонаи шаҳри Бохтар мебаранд. Аз сабаби сӯхтани қисми зиёди баданаш ва доштани ҳолати вазнин баъд ба беморхонаи мо интиқол дода шуд. Ҳоло дар шуъбаи эҳё бистарӣ аст ва таҳти назорати табибон қарор дорад».
Айни ҳол комиссияи мухсус барои муайян кардани сабабҳои сӯхтор дар ҷои ҳодиса коор карда истодааст.