Полидактилия калимаи юнонӣ буда, πολύς-бисёр ва δάκτυλος-ангушт мебошад. Полидактилияро гипердактилия ҳам мегӯянд, ки ҳар ду маънои бисёрангуштиро доранд.
Ин илм ангуштони дасту пойҳои одамон, сагҳо, гурбаҳо ва аспҳоро, ки аз меъёр зиёданд, меомӯзад. Ин навбат мо тасмим гирифтем, ки дар бораи ситораҳои ҷаҳонӣ, ки ангушти зиёдатӣ доранд, бароятон маълумот диҳем. Ба чандин сомонаҳои хориҷӣ сар халондем ва номи 10 ситораи полидактилиро пайдо намудем.
Максим (Марина Абросимова), овозхони 36-солаи рус бо панҷ ангушт дар дасти рост ва шаш ангушт дар дасти чап ба дунё омадааст. Духтурон фавран ҷарроҳӣ карда, ангушти зиёдатии овозхонро буридаанд, вале изи он то ҳол дар дасти Максим дида мешавад. Бояд қайд кард, ки ин ба ҷараёни корҳои овозхон умуман халал ворид намекунад.
Ҷемма Артертон, ҳунарпешаи 34-солаи бритонӣ мегӯяд, бисёрангуштӣ барои оилаи онҳо авлодист. Ба гуфтаи ҳунарпеша, падару бобояш низ ангушти зиёдатӣ доштаанд. “Худи ман бо 12 ангушт дар ҳар ду ду дастам ба дунё омадаам. Табибон диданд, ки дар ангуштҳои зиёдатӣ устухон вуҷуд надорад, онҳоро ҷарроҳӣ карда, ҷудо намуданд”,-нақл мекунад, Ҷемма дар бораи ангуштонаш.
Тэй Диггз, ҳунарманди 49-солаи амрикоӣ боре иқрор шудааст, ки замони таваллуд дар ҳар ду дасташ 12 ангушт дошт. Табибон ду ангушти зиёдатии ӯро бо роҳи ҷарроҳӣ буридаанд. “Ҳатто агар ангуштони зиёдатиамро намебуриданд, боз ҳам мисли имрӯз бошараф ва ҳунарманд мешудам”,-мегӯяд, Тэй.
Опра Уинфрӣ, ходими ҷамъиятӣ ва ҳунарпешаи 66-солаи амрикоӣ овозаҳоро дар бораи ангушти зиёдатии як пояш рад мекунад. Ӯ то ҳол дар ин бора расман иттилоъ надодааст. Вале сар аз нимаҳои соли 2000-ум расонаҳо зуд-зуд дар бораи як ангушти зиёдатии пойи чапаш пайваста менависанд. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ангушти зиёдатӣ дар ҳақиқат вуҷуд дорад, вале бо сабаби он ки ба ҳунарпеша халал намерасонад, ангушташро набуридааст.
Ритик Рошан, ҳунарманди маъруфи ҳинд дар дасти росташ шаш ангушт дорад. Ангушти зиёдатии ӯ дар паҳлӯи нарангушт ё ангушти калонии дасташ рӯидааст. Ӯро дар кӯдакӣ бо сабаби лакнат доштани забонаш ва шашангушта будани дасти росташ масхара мекарданд. Дар 14-солагӣ ӯ лакнати забонашро табобат кард, аммо аз ангушти зиёдатиаш халос нашуд.
Сид Уилсон, рэпсарои 43-солаи амрикоӣ аз гурӯҳи “Slipknot” бо як ангушти зиёдатӣ таваллуд шудааст, вале табибон тавассути ҷарроҳӣ ангушти иловагии ӯро буридаанд. “Агар дар кӯдакӣ ангушти иловагии маро намебуриданд, ҳоло ман бо он фахр мекардам”,-мегӯяд, Сид Уилсон. Маврид ба зикр аст, қисми зиёди ситораҳо аз доштани ангушти зиёдатӣ на шарм, балки фахр мекунанд.
Дрю Кэрӣ, ҳаҷвнигор ва ҳунарманди 61-солаи амрикоӣ бо шаш ангушт дар пойи рост ва панҷ ангушт дар пойи чапаш таваллуд шудааст. Ӯ ҳатто ин нуқтаро дар тарҷумаи ҳолаш қайд кардааст. Ёдовар мешавем, ҳамонҳое бо ангушти зиёдатӣ ба дунё меоянд, ки боистеъдод ва муваффақ ҳастанд.
Ҳэмптон Хоуз, пианинонавози амрикоӣ бо 12 ангушт дар ҳар ду дасташ ба дунё омада буд. Ангуштҳои зиёдатии ӯро пас аз се рӯзи таваллудаш дар беморхона буридаанд. Ин навозанда ҳоло дар қайди ҳаёт нест. Соли 1977 дар синни 48-солагӣ дар шаҳри Лос-Анҷелоси Амрико бар асари хунравии майнаи сар вафот кардааст.
Ҳэлли Беррӣ, ҳунарпешаи 53-солаи амрикоӣ дар як пояш шаш ангушт дорад ва аз ин умуман хиҷолат намекашад. Вақте ҳунарпеша хурд буд, волидонаш метарсиданд, ки ҷарроҳӣ карда, ин нуқсро бартараф кунанд. Ҳамин тавр, хонум Беррӣ 53-сола шудаву ангушти зиёдатиаш то ҳол боқӣ мондааст. Айни ҳол ҳунарпеша дар фикри ҷарроҳӣ кардани ангушти иловагиаш нест.
Эштон Кутчер, ҳунарманди 42-солаи амрикоӣ миёни ду ангушти як пояш, ангушти иловагии дигар дорад. Ин ангушти зиёдатӣ чунон хурд аст, ки ба назар наменамояд ва ҳангоми ба ҳам ҷафс шудани ду ангушти калон нопадид мегардад. Ин ба пешрафти кори Кутчер халал намерасонад. Баръакс чунин ба назар мерасад, ки ҳунарманд баъзан аз чунин нуқсаш ифтихор мекунад.