Аз ҷониби редаксия супориш шуд, ки бо овозхони маъруфи тоҷик Ситораи Кароматулло як барномаи ҷолиби видеоӣ таҳия намоем. Вақте ба Ситорабону занг задам, андешамандона гуфт:
-Рустамҷон, ҳамин шабу рӯз чунон серкорам, ки ногуфтанӣ. Бовар кун додарҷон, агар каси дигар мебуд, рад мекардам, вале туро хафа кардан намехоҳам. Майлаш, меоям, вале бо як шарт -маро зуд ҷавоб медиҳед.
Шарти ин ситораи тобони саҳнаи ҳунарро қабул карда, таъкид намудам, ки барнома дар Варзоб сабт мешавад.
Рӯзи дигар мо дар дараи хушманзараи Варзоб во хӯрдем. Камераҳоро нав ба кор дароварда будем, ки зани гирёне пайдо шуд ва ба гӯши Ситора ким-чиҳо гуфта, ба баландии рӯ ба рӯ ишора кард.
Авзои Ситора якбора беҷо шуд ва “Рустамҷон, як лаҳза сабр кунед, ман ҳозир меоям” гӯён, ҳамроҳи зани ношинос ба ҳамон тараф давид. Ҳайрон-ҳайрон ба самте, ки Ситора давон-давон мерафт, дида дӯхтем. Дар сари теппаи баланд чанд нафар ҷавонон ҷамъ шуда буданд. Ситора аз гиребони яке аз он ҷавонон, ки риши дарозе дошт, гирифта, дастакзанон чизе мегуфт. Намедонам байнашон чи гапу кор гузашт, ки баъди чанд лаҳзаи баҳсу мунозираи лафзӣ Ситора бо ғазаб ба бари рӯйи он ҷавони ришдор шаппотии обдоре фаровард. Ин манзараро дида рафиқони дигари ҷавон ба ин сарояндаи маъруф дарафтоданд. Авбошон ҳамакаса Ситораро лагадкӯб мекарданд...
Бо дидани ин манзара мо ба даҳшат афтидем ва “номардҳо Ситораро мекушанд” гӯён, камераҳоро партофта, зуд ба имдод шитофтем, вале...
Авбошон Ситораи даҳону биниаш пур аз хунро аз он баландӣ ба поён, ба қаъри ҷарӣ партофтанд. Вақте ки Ситораро ба ҷар ҳаво медоданд, чунон фиғони талхе кашид, ки кӯҳҳо ба ларза даромаданд...
“Ситора!!!” гӯён, ман ҳам бо тамоми овоз фарёд задам ва...
Худро дар рӯйи бистари хоб дидам. Сар то по дар обу арақ тар шуда будаму дилам мисли мурғи нимбисмил худро ба қафаси сина мезад. Нафас дар гӯлӯям печида, қариб монда буд, ки дилкаф шавам...
Худоро шукр гуфтам, ки ҳамааш дар хоб будааст, вале ба ҳар ҳол, барои фаҳмидани саломатиаш ба Ситораи Кароматулло занг задам. Вақте ки хобамро ба Ситора нақл кардам, хандида гуфт:
-Рустамҷон, ташвиш накаш, шукри худованд бо ман ягон ҳодисаи нохуш рӯй надодааст. Тӯй доштем. Чанд рӯз пеш ҷиянам Таманноро ба хонаи бахташ гусел кардем. Бисёр серташвиш будам, шояд барои ҳамин ба хобат даромада бошам..