Сири дар қишлоқ шавҳар накардани аксари духтарони ба қавле «городская» ё ба ибораи дигар “современная”-ҳо дар барномаи “Universal lady”-и Баҳриддини Сабур ошкор гардид.
Духтари ҷавон ва ситораи машҳури Инстаграм Шаҳноза меҳмони барномаи “Бонуи пурҳунар” гардид. Шаҳнозабону қариб буд, ки ҳангоми иҷрои шартҳои барнома гиря кунад. Аз ҳама бештар шарти говдушӣ барояш мушкилӣ кард. “Вая бин мара чӣ хел нигоҳ мекнад. Мара мезанааа. Ман аз гов метарсм”,-гуфт Шаҳноза тарафи Баҳриддин.
Ҳамин тариқ, бо исрор ва сахтгириҳои ровии барнома пас аз интизориҳои зиёд бонуи Инстаграм бо азабҳои зиёд тавонист танҳо 2-3 қулт шир душад.
Инчунин, Шаҳнозабонуи зебо дар таппаккунию нонпазӣ низ “рекорд”-ро зад. Нонҳои дар тандурпухтаи ӯ ҳоло зарчатоб нашуда, хамиролуд дар рӯйи танӯр кашола шуданд. Дасти Шаҳнозабону ба ҳавли гармии танӯр тоб овардан натавонисту нонҳо нимхому нимпухта дар танӯр монда, интизори дастони моҳир буданд.
Дар рафти барнома Шаҳнозабону иқрор шуд, ки дар қишлоқ шавҳар кардан мушкил будааст: “Маро мекушӣ Баҳриддин. Дар қишлоқ шу кардан осон набудай....Хушдоманам маро бо ин корам ай хона сур мекунад”,-бо хандаи баноз иқрор шуд Шаҳноза.