Gazprom july 2025
Ситораи ҷаҳонии футбол Роналду дар 40-солагӣ зан мегирад
349

Ситораи ҷаҳонии футбол Криштиану Роналду пас аз фикру андешарониҳои зиёд, дар 40-солагӣ ба хулосае омадааст, ки бояд зан бигирад. Дар ин бора “Евро-футбол” хабар медиҳад.

“Криштиану Роналду ниҳоят нимаи худро пайдо карда, тасмим гирифт, ки бо Ҷорҷина Родригес расман издивоҷ намояд. Худи Ҷорҷина бо нашри як акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон намудааст, ки пешниҳоди шоҳи футболро қабул карда, ба Роналду ба шавҳар мебарояд”,- навиштааст манбаъ.

Дар аксе, ки Ҷорҷина Родригес дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудааст, дасти худи духтар ва дасти Роналду дида мешавад. Дар ангушти Ҷорҷина ангуштарини қиматбаҳое медурахшад, ки Роналду ҳамчун рамзи ишқи пок ва вафодориаш ба вай ҳадя карда, пешниҳоди хонадоршавӣ намудааст.

“Бале, ман розӣ ҳастам, ки дар ин ҳаёт ва ҷаҳони дигар ҳамсари Роналду бошам”,- навиштааст арӯси хушбахт зери акс.

Ёдрас мешавем, ки Криштиану Роналду ва Ҷорҷина Родригес чандин сол инҷониб ошиқи ҳамдигар ҳастанд ва Роналду ҳамеша ӯро ҳамчун ҳамсараш ба мардум муаррифӣ менамуд. Акнун ин ҷуфти хушбахт муносибатҳояшонро расмӣ гардонида, қонунӣ зану шавҳар мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД