arzon replenishment
Сирру асрори духтарони ҳамсояро ба модарашон гӯям?
06.01.2024
Mahina
1695


Салом! Ман зани 50-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳастам ва дар як масъалаи ҷиддӣ, ки маро сахт ба ташвиш овардааст, аз шумо маслиҳат пурсиданиям.

Қариб 20 сол мешавад, ки ман бо шавҳару фарзандонам дар маҳаллаи Саховат зиндагӣ мекунам. Ҳамсояҳоям одамони хубанд ва мо мисли апаву хоҳар ба ҳам меҳрубонем. Шавҳари як ҳамсояам чанд сол пеш дар садамаи нақлиётӣ вафот карда, занаки бечора бо се фарзанд яккаву танҳо монд. Азбаски бисёр зани баномус аст, қарзу қавола карда, баъди сари шавҳараш писари калониашро зан дод.

Аз касе пӯшида нест, ки тӯйҳои мо, тоҷикон хароҷоти бисёре доранд, ҳамсояи бечораи ман ҳам маҷбур шуд, ки баъди келин фаровардан барои қарзи тӯйро додан ва зиндагиро пеш бурдан Русия коркунӣ равад. Писараш субҳ ба кор рафта, намози шом бармегарданд, келинаш бошад бо кору бори хона андармон аст. Ҳис мекунам, ки ду духтари қадрасаш аз набудани модарашон ва беназоратӣ истифода бурда, аз кӯчаи одамгарӣ баромада истодаанд. Чанд бор онҳоро бо бачаҳои авбошнамо дида, сарзаниш кардам, ки ин корро накунанд, чунки ҳаққу ҳамсояҳо дар бораашон ҳар хел овозаҳои нохуш паҳн мекунанд ва обрӯяшон мерезад, вале лабашонро бурма карда гуфтанд, ки ҳамсоя, шумо ба духтарҳои худатон кордор шавед. Метарсам, ки мабодо ин духтарҳои беақл ягон номаъқулӣ карда, обрӯи модари заҳматкашашонро нарезонанд, вале чи кор карданамро намедонам. Агар ба акаашон гӯям, сари қаҳр онҳоро зада маъюб карда метавонад, нагӯям аз оқибати ин сарсарӣ гаштани ҳамсоядухтаронам метарсам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам. Ба ҳамсояам занг зада, сирру асрори духтаронашро гӯям ё не?
М, сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД