САВОЛ:
Сиррози ҷигар аз чӣ пайдо мешавад ва нишонаҳои аввалинаш кадомҳоянд? Шумо ин бемориро табобат мекунед?
Ҷавоби табиби саратоншинос Файзулло Райҳонов:
- Сиррози ҷигар асосан аз сабаби гепатитҳои вирусӣ (B, C, D), истеъмоли мунтазами машрубот, бемориҳои метаболикӣ ва гепатози ҷигар пайдо мешавад. Қобили зикр аст, ки сирроз бемории саратонӣ набуда, балки осеби музмини сохтори ҷигар мебошад. Ин бемориро табибони гепатолог ё гастроэнтеролог табобат мекунанд.
Аммо сиррози ҷигар хатари пайдоиши саратони ҷигарро ба вуҷуд оварда метавонад, бинобар ин беморон бояд зери назорати доимӣ қарор дошта бошанд. Дар сурати бепарвоӣ оқибат ин беморӣ ба саратони ҷигар мегузарад, ки онро саратони гепатоселюлярӣ меноманд.