arzon replenishment
Сирри тапак ва дугонашавии ману хушдоманам
4314

 

Хушдоманамро боб кардам!
Хушдоманам аз рӯзи аввали ба хонааш қадам ниҳоданам сояи маро аз девор тарошида, мудом ба ҳама кору борам эрод мегирифт. «Ноуҳдабаро, чалфас, беҳунар, нокора, беақл, бетамиз…» гуфтанаш ба дилам зада бошад ҳам, лаб зери дандон гирифта тоқат карда мегаштам. Шавҳарам рӯзи дароз дар кор хаста шуда меомаду бегоҳ баробари аз дар даромаданаш модараш мисли радиои панҷсӯма хабаркаширо сар карда, тамоми айбу гуноҳи будаву набударо ба сари ман бор мекард. Шавҳарам «ту очаи маро ҳурмат намекунӣ» гуфта маро мурданивор мезад, кампир бошад, аз тамошои ин манзара курта-курта гӯшт гирифта, тамасхуромез ба ҳоли ман механдид. “Кампири шӯрандоз, ҳоло ист, ягон рӯз ман туро боб мекунам, ки худат бале мегӯӣ” мегуфтам дар дил ва пайти муносиб меҷустам, то қасосамро бигирам. Як саҳар ба қазои ҳоҷат баромада дидам, ки хушдоманам оҳу воҳкунон аз хонаи хобаш баромада истодааст. Фикри олиҷанобе ба сарам зад ва зуд дар паси ҳоҷатхона пинҳон шудам. Вақте ки кампир аз халоҷо баромад, як шатта зада, ғарами таппакҳои барои зимистон захира кардаамонро чаппа кардам ва худро ба нодонӣ зада ба хона даромадам. Кампир дар таги таппак монда, доду фиғонаш ба фалак печид. Шавҳарамро бедор кардам ва аз худам мӯсичаи бегуноҳ тарошида гуфтам: «Мардакҷон, зудтар хезед, ки ба холаам чӣ ҳодисае шудааст!» Ҳарду осемасар ба берун баромада хушдоманамро рӯйи даст бардошта ба хона овардем. Ҳоли зорашро дида шавҳарам кампирро зуд ба беморхона бурд.


АЛЁНА МИХАЙЛОВНА: БА ХОТИРИ ЮСУФ ДАР ҲИСОР ТАПАК МЕКУНАМ!


Ташхис нишон дод, ки миёнаш лат хӯрдааст. Акнун хушдоманам дар рӯйи ҷогаҳ хоб аст ва дигар рӯзи дароз мисли шпион аз паси ман поида, ба ҳар як корам айб монда наметавонад. Дар кулбаи худаш оҳу нола карда хобидааст. Касе ба аёдаташ биёяд, хушдоманам дар ҳаққи ман дуои нек карда мегӯяд: «Илоҳо худованд ба келинакам умри дарози бобаракат диҳад, агар ҳамин духтар намебуд, бо ин ҳол маро кирмҳо тала мекарданд. Бечора тару хушкамро мегирад, таги поямро тоза мекунад, либосҳоямро мешӯяд, ба ман се вақт хӯроки гарм пухта медиҳад. Раҳмат ба падару модараш ба ҳамин духтари калонкардаашон…»
Хонандагони азиз, шояд шумо ба ман лаънат хонед, ки кампирро маъюб кардаам, вале хушдоманам бо рафтори бадаш маро ба ин кор маҷбур кард. Агар вай баҳудаю беҳуда аз таги нохун чирк кофта маро бо писараш ҷанг намеандохт, ҳаргиз ин корро намекардам. Мардуми мо аҷаб хислате доранд, аввал худашон ба дари хонаи духтардор хостгорӣ рафта, бо зориву тавалло духтарашро келин карда меоранду баъд сояи келинро аз девор тарошида, рӯзашро сиёҳ мекунанд. Андеша намекунанд, ки келин ҳам одам аст, на оҳан ва як рӯз не, як рӯз ҷонаш ба лабаш расида ба фиғон меояд.
Хонандаи «Оила».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД