arzon replenishment
Сирри хушбахтии оилавӣ аз назари Аскар Ҳаким
06.04.2025
Oila.tj
208

Оила муқаддас буда, такягоҳи асосии инсон дар зиндагист, вале мутаассифона на ҳама аз маърифати оиладорӣ бархӯрдоранд. Бо умеди он ки таҷрибаи оилаҳои хушбахт барои ҷавонони ба тозагӣ хонадоршуда сабақ мегардад, пораеро аз як мусоҳибаи шоири машҳури тоҷик, устод Аскар Ҳаким манзуратон месозем, ки ба мавзӯи оила ва оиладорӣ бахшида шудааст.

- Устод, Шумо натанҳо дар ҷодаи шеъру адабиёт, балки дар оиладорӣ низ хеле муваффақ ҳастед. Сирри хушбахтии оилавиатон дар чист?

- Садоқат ба хонавода. Асоси устовории оилаи ҳама ҳамин бояд бошад. Аз ҷиҳати дигар ман ҳеҷ вақт ҳуқуқи занамро поймол накардаам. Ин ҷо як нуктаро мехоҳам бигӯям. Ноустоворӣ ва вайрон шудани оилаҳо сабаби иҷтимоӣ дорад. Бисёриҳо шароии зиндагӣ надоранд. Мисол, дар як ҳавлӣ ё квартира ду се оила зиндагӣ мекунанд, хона танг, мешавад ҷангу хархаша. Ҷангҷолҳои оилавӣ аслан аз майда-чайдаҳо сар мезанад. Сабаби вайрон шудани оилаҳо ба таъминоти моддӣ сахт вобастагӣ дорад. Бисёриҳо духтарашонро намемоанд хонад. Ӯро ба шавҳар медиҳанд, шавҳараш нонёб не, оилаашро таъмин карда намтавонад ва дастнигари падару модар аст. Ана сар мезанад низои оилавӣ. Духтари калони ман судя аст, қозӣ аст ва ҳар рўз бо даҳҳо низоъи оилавӣ ки ҳал нашудасту то суд омадааст рӯ ба рӯ мешавад. Аз оне ки духтарам мегӯяд ман хулоса кардам, ки 99 дар сади вайроншавии оилаҳо дар таъминоти иҷтимоист.

- Шумо падари чор духтар. Миёни мардуми мо ду ақида аст: Падар чанд духтаре тарбия кунад, ҳамон қадар дарҳои ҷаннат ба рўяш боз аст. Ақидаи дигар мухолиф ба ин аст, ки ҳар қадар зиёд духтар доштан, ҳамон қадар ҷазои худоро дар сар доштан аст. Барои Шумо чӣ тур аст?

- Он чизе, ки шумо мегўед як ҳадиси Паёмбар (с)-ро ба ёдам овард. Расули Акрам мегўянд, ки ҳар касе ки се духтар дорад, дар хонаи вай раҳмати Худо меборад ва бисёр таъриф мекунанд. Дар охир мегӯянд, ки ай мусулмонон ба он мусалмоне, ки чор духтар дорад, дасти ёрӣ дароз кунед. Ин албатта ба вазъи ҳамон замон гуфта шудааст. Дар гузашта тарбияи духтар ба шавҳар додани ў душвор буд, мисли ҳозир. Замонҳои пеш падару модар агар духтар медоштанд ўро ба шавҳар медоданд ва бо ҳамин тамом вай моли дигар кас шуду дар пирӣ бепарастдор мемонданд ҳоло ҳам дар баъзе аз ноҳияҳои Тоҷикистон ҳамин тур аст.

- Ё ба шеваи мардум духтар моли дигар кас.

- Ҳа, аммо дар қисматҳои пешрафта ин тавр нест. Мисол дар Хуҷанд, ҳатто дар тасаввури мардум нест, ки духтар шавҳар кунаду хонаи падар наояд. Масалан ман писар надорам, аммо то ҳол инро ҳис накардаам. Ё дар ягон коре дасткўтаҳӣ надошатаам, ки афсўс хурда бошам, ки кош писар медоштаму мекард. Чун домодҳои ман бачаҳои хубанд. Дуюм набераҳоям аз писарҳо калон шуданд. Духтарҳои ман ҳар коре ки барои ман писар мекард, мекунанд.

- Дар оилаи шумо кору бори хонаро кӣ мекунад?

- Ман ки ба навиштан машғулам, ин корҳоро занам мекунад

- Умуман дар хона ягон кор мекунед?

- Дар хона… дар хона… Ба ман коре намефармоянд, ки ман кунам, кори ман дар сари мизам аст. Инро бояд ман иқрор кунам… ман аз корҳои хоҷагӣ, хонаводагӣ ба ростӣ озодам. Ин корҳоро ҳамсари ман ба хубӣ сомон медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД