Sebiston new 2024 october
Сирри дугонаамро ба модараш гӯям?
02.03.2022
Оила
7827

Салом! Донишҷӯи яке аз донишкадаҳои олии пойтахт ҳастам ва дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам. Ману Парвина аз як деҳа ва аз замони кӯдакӣ дугонаҳои ҷонием. Дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунем ва 10 сол дар пушти як парта нишаста, баъди хатми мактаб ҳардуямон ба як донишгоҳ дохил шудем. Падаронамон ҷӯраҳои ҷонӣ, модаронамон низ бо ҳам дугонаанд, бар замми ин, каме муносибати хешу таборӣ низ дорем. Парвина духтари бисёр зебои қоматбаланд аст ва бо як нигоҳ диққати дилхоҳ шахсро ба худ ҷалб мекунад. Вақти аз деҳа ба шаҳр хонданӣ омаданамон волидонамон таъкид карда буданд, ки аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар бошем ва сари онҳоро паст накунем, вале..
Дугонаам дар деҳа духтари бисёр боодоб ва сарпаст бошад ҳам, баъди ба шаҳр омадан тамоман одами дигар шудааст. Ростӣ соли аввал ба гаппарониҳои бачаҳо чандон аҳамият намедод, вале баъди ба курси дуюм гузаштанамон рафтору кирдораш дигар шудан гирифт. Муддате бо як ҷавон гап мезад, баъд ба ҷавли худаш ӯро “кидат” карда, ишқи ҷавони дигарро қабул мекард. Бачаҳои донишгоҳ дар атрофаш мисли селаи занбӯр дар гирди гули хушбӯй давр мезананд ва Парвина аз ин мекунад, ки ин қадар ошиқони шайдо дорад. Шояд шумо гумон кунед, ки ман ба дугонаам ҳасад бурда, ӯро сиёҳ карда истодаам, вале худо шоҳид аст, ки чунин нест. Гап дар сари он аст, ки дар байни ошиқони Парвина як ҷавони зандор низ ҳаст ва чанд вақт боз бо ваъдаҳои дурӯғ дугонаи содаи маро аҳмақ карда гаштааст. Ин ҷавон аз оилаи сарватманд аст ва ба Парвина ваъда додааст, ки аз занаш ҷудо шуда, ӯро ба занӣ мегирад. Дугонаам ба ваъдаҳои ин бойбача бовар карда, ошкоро ба мошинаш мешинад ва ҳар рӯз бо ӯ ба тарабхонаву сайру тамошо меравад. Ин рафтори Парвина маро ба ҳарос андохтааст. Ҳамагон ёд доранд, ки чи тавр Азиза ном як зани сарватманд маъшуқаи шавҳарашро бераҳмона лату кӯб карда, то ба мраг расонида буд ва рстӣ ман метарсам, ки ҳамсари қнунии ошиқи Парвина аз муносибатҳои шавҳараш бо ин духтари ҷавон огоҳ шуда ба сари дугонаам ягон балои азимро наорад.
Аслан боварӣ надорам, ки он ҷавон аз занаш ҷудо шуда, Парвинаро ба занӣ мегирад. Чанд бор ин гапро ба дугонаам гуфта, таъкид кардам, ки ҳушёр бошад, то ки ба доми фиреб наафтад, вале сахт ранҷида “ман хушдори бой ёфтам, барои ҳамин ту аз рашк моро ҷудо кардан мехоҳӣ” гӯён, лабашро бурма кард.
Аслан маро ба ишқу ошиқии Парвина коре нест, аммо метарсам,ки худо накарда ба сари ин духтар ягон бало биёяд, падару модараш аз ман домангир мешаванд, ки ту ҳама чизро меднистию пинҳон кардӣ. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Сирру асрори ниҳони дугонаамро ба модараш бигӯям ё не?
М, донишҷӯ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД