“Сироп”-ҳои ҳиндӣ барои сулфа ба саломатии кӯдакон хатар доранд
15.10.2025
Oila.tj
193

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор додааст, ки мардум аз харидории доруҳои обакии истеҳсоли Ҳиндустон, ки барои табобати сулфа пешбинӣ шудаанд, худдорӣ намоянд, зеро дар таркиби доруҳои мазкур моддаҳои хатарноке мавҷуданд, ки ба саломатии кӯдакон зарар доранд.

Бино ба иттилои “Кактус-медиа”, дар таркиби шарбат (сироп)-ҳои ҳиндӣ барои сулфа диэтиленгликоли заҳролуд мавҷуд буда, дар худи Ҳиндустон аз ин доруҳо аллакай 22 кӯдак ба ҳалокат расидаанд.

Айни замон сабаби марги 9 кӯдак дар штати Мадҳия-Прадеш таҳқиқ карда мешавад, ки ба эҳтимоли зиёд пас аз истифодаи доруи обакӣ барои сулфа заҳролуд шуда мурдаанд. Дар рафти санҷиш дар таркиби ин доруҳо моддаҳои кимиёвии хатарнок дарёфт шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ҳиндустон, дар таркиби доруи (сироп) сулфаи Coldrif, ки истеҳсоли ширкати Sresan Pharma мебошад, моддаи диэтиленгликол аз меъёр зиёд буда, боиси заҳролудшавӣ гаштанаш имконпазир аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД