Рӯзи 24-уми март дар ҷаҳон рӯзи огоҳӣ аз бемории сил аст. Ин сана ба он хотир аст, ки ҳар рӯз садҳо нафар дар ҷаҳон бар асари бемории сил ҷон медиҳанд.
Дар доираи ин сана посухи чанд саволро аз табиби силшинос Салоҳиддин Сабоҳиддин пурсидем.
- Нахуст мегуфтед, ки бемории сил табобатшаванда аст?
- Сил бемории сирояткунанда буда, барангезандаи он чӯбчамикроби сил мебошад, ки бо номи Кох шинохта шудааст. Манбаи асосии сироят шахси бемори сили шушие мебошад, ки хориҷкунандаи чӯбчамикроб аст. Беморӣ ҳангоми сулфа, атса задан, туф кардани балғам ба гирду атроф бемориро паҳн карда, шахсони солим аз ин ҳаво нафас кашида, сироят меёбанд. Яъне, роҳи асосии сироят бо роҳи қатрагӣ - ҳавоӣ мебошад. Беморон бештар аз намуди бемории сили шушӣ азият мекашанд. Намудҳои сили ғайришушӣ - сили гурда, сутунмуҳра, устухон ва ғайраҳо вуҷуд доранд.
- Тавре қайд кардед, беморон бештар аз сили шушӣ азият мекашанд. Дар бораи нишонаҳои ин навъ беморӣ мегуфтед.
- Ду навъи бемории сили шушӣ - ҳассос ва мутобиқгашта мешавад. Бемории сили шакли мутобиқгашта - ин бемории силе мебошад, ки чӯбчамикробҳои сил ба доруҳои самараноктарини зиддисилӣ тобовар мешаванд. Чунин намуди беморӣ ҳангоми аз тарафи бемор худсарона қатъ кардани табобат, роҳ додани танаффус дар табобат ва таъини нодурусти табобат аз тарафи табибон ба вуҷуд меояд. Навъи дуюм - ин шакли махсуси мутобиқати барангезандаҳои сил буда, дар як вақт устувории чӯбчамикробҳо нисбат ба доруҳои изониазид ва рифампитсин мебошад. Устуворӣ дар як вақт ба ду доруе, ки таъсирнокии баланд доранд, ҳангоми табобат мушкилиҳо пеш меорад, зеро доруҳое, ки дар табобати ин шакли беморӣ истифода бурда мешаванд, таъсироти манфиашон бештар ва арзишашон гаронтар аст.
- Нишонаҳои асосии худи беморӣ кадомҳоянд?
- Нишонаҳои асосии бемории сил, ки сабаби ба табиб муроҷиат кардан мебошанд, ин сулфаи давомнокиаш зиёда аз ду ҳафта бо хориҷкунии балғам ё бе балғам, арақкунии зиёди асосан шабона, кам шудани иштиҳо ва лоғаршавӣ, баландшавии ҳарорати бадан ва бемадориву зуд мондашавӣ мебошад.
- Фарз кардем, чанде аз ин нишонаҳо дар шахс мавҷуданд. Барои фаҳмидани он ки ӯ дучори сил аст ё не, чӣ бояд кард?
- Балғамро барои ташхис бояд супорад. Бо усули Jenexpert он ройгон аст. Аз ташхиси рентгенӣ гузашта, натиҷаи таҳлилҳои балғам ва акси рентгенро ҳатман гирад ва ба табиби силшинос муроҷиат кунад.
- Баъди ошкоршавии беморӣ дар организм табобат чӣ гуна сурат мегирад?
- Агар баъди гузаштан аз муоинаи лозимӣ дақиқ карда шавад, ки шахс гирифтори бемории сил аст, ӯ бояд табобати зиддисилиро сари вақт бо доруҳои зиддисилӣ ройгон гирад. Бемории сил дар марҳилаҳои аввал дар шаклҳои сабук дарёфт мегардад, агар саривақт муроҷиат карда бошад. Дар сурати дар худ ошкор кардани чунин нишонаҳо ба духтури минтақавӣ муроҷиат намуда, табобатро аз ҳамон рӯз оғоз намудан ҳатмӣ буда, кафолати шифоёбии пурраи бемории сил мебошад. Инчунин, бо ин роҳ фарзандон ва наздиконро аз сироятёбӣ нигоҳ медорад ва зудтар қобилияти кории худро барқарор менамояд.
- Худи табобат чӣ гуна сурат мегирад?
- Бояд таъкид кард, ки табобати бемории сил махсусияти худро дорад. Табобати беморӣ дарозмуддат аст ва муҳлати камтарини он на камтар аз шаш моҳро ташкил медиҳад. Дар давоми табобат бемор аз рӯи реҷаи муайян бо тавсияи табиб якчанд намуди доруҳои зиддисилӣ қабул мекунад. Табобат аз ду давра иборат аст: шиддатнок ва кумакрасонӣ. Бисёр муҳим аст, ки дар вақти беҳтар гаштани саломатӣ табобат қатъ карда нашавад. Риояи ҳамаи тавсияҳои табиб, бетанаффус қабул намудани доруҳои зиддисилӣ, истеъмоли хӯрокҳои серғизо ва аз витаминҳо бой барои шифоёбии пурра мусоидат мекунад.
- Бемории силро метавон бо роҳи худмуолиҷа табобат кард?
- Қатъиян не. Ҳеҷ гоҳ ба худмуолиҷакунӣ даст назанед, чунки ғайр аз дорувориҳои зиддисилии махсус, чӯбчамикроби силро дигар чизе нобуд карда наметавонад.
- Дар анҷом оид ба роҳҳои пешгирии бемории сил маълумот медодед, зеро пешгирӣ беҳтар аз табобат аст.
- Риояи қоидаҳои санитарӣ - гигиенӣ, пурқувват кардани қувваи худмуҳофизатии бадан, хӯрдани хӯроки дуруст ва варзиш роҳҳои асосии пешгирианд.
- Ташаккур барои суҳбат!
- Саломат бошед!