arzon replenishment
Шумораи занони унвондор дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ меафзояд
171

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ректори донишкада Ибодзода Зарина хабар дод, ки “теъдоди умумии занҳои дар донишкада фаъолияткунанда 66 нафар буда, аз ин шумора 20 нафарашон кадрҳои роҳбарикунанда, 15 (22,7%) нафарашон кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд”.

Дар идома ректор афзуд, ки “ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада аз 266 нафар иборат буда, аз ин 122 нафар омӯзгорони асосӣ ва 144 нафар омӯзгорони ҳамкор мебошанд. Кормандони дорои дараҷа ва унвони илмидошта 73 нафар ва аз 45 (36,9%) нафар кормандони дорои дараҷа ва унвони илмидошта кормандони асосӣ буда, 28 (20%) нафар кормандони дигар ҳамкоранд”.

Аз ҷумлаи кормандони дорои дараҷа ва унвони илмӣ 12 нафар докторони илм буда, аз ин теъдод 11 нафар докторони илми тиб (аз ин 4 нафар профессор), 1 нафар доктори илмҳои кишоварзӣ ва 33 нафар номзадҳои илм ва аз ин теъдод 20 нафар номзадҳои илми тиб (4 нафар дотсент) мебошанд. Аз шумораи докторони илми тиб як нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД