sebiston july new
Шумораи қурбониёни заминзарла дар Ҷопон ба 180 нафар расид
266

 

Шумораи қурбониёни заминларза дар Ҷопон ба 180 нафар расид. Ёдрас мешавем, ки дар минтақаи нимҷазираи Ното дар соҳили баҳри Ҷопон як силсила заминларзаҳои шадид ба вуқуъ омада, бар асари он садҳо одамон ҳалок шуданд ва садҳо нафари дигар бехонаву дар гаштанд.

Қаблан гуфта мешуд, ки бар асари заминзарзаҳои шадид дар Ҷопон 168 кас ба ҳалокат расидаанд, вале шумораи қурбониён афзоиш ёфта, то ба 180 нафар расид, дар бораи 120 тани дигар ягон хабаре нест.

Шумораи умумии зарардидагони офати табиӣ 565 нафарро ташкил дода, ҳудуди 28 ҳазор сокини минтақаҳои аз заминларза зарардида ҳанӯз ҳам дар макони хавфнок ҷойгир мебошанд.

Тавре ки расонаҳо хабар медиҳанд, аз ин зилзила беш аз ҳама префектураи Исикава зарар дида, 1370 хона пурра ё қисман хароб шудаааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД