Gazprom july 2025
Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар ДДТТ меафзояд
107

Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино торафт меафзояд.

Тавре имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Нуриддин Муҳиддин Давлаталӣ, ректори донишгоҳи мазкур гуфт, айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 1890 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 26 давлати ҷаҳон таҳсил карда истодаанд, ки аз ин шумора 1857 нафар дар сатҳи тодипломӣ, 16 нафар баъдидипломии илмӣ ва 17 нафар баъдидипломии муолиҷавӣ мехонанд. Бештари донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Финляндия, Руанда, Эфиопия, Зимбабве, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон мебошанд.

Дар соли 2025 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро 307 нафар донишҷӯёни хориҷӣ хатм намудаанд, ки ин нишонаи рақобатпазир будани донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

“Пас аз баргаштан ба ватан онҳо дар кишвари худашон имтиҳон месупоранд ва 99%-и донишгҷӯёни хориҷие, ки донишгоҳи моро хатм кардаанд, дар ин ҷо дониши хеле хуби тиббӣ гирифта, дар аввалин давр аз имтиҳон бо сари баланд мегузаранд. Аз ҳамин сабаб донишҷӯёни хориҷӣ бештар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро интихоб мекунанд”,- таъкид намуд ректор.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД