Arzon march 2024
Шугаринг чӣ гуна гузаронида мешавад?
1065

Шугаринг амалест, ки барои тозакунии мӯйҳои нолозими бадан анҷом меёбад.

Он аз шакар омода шуда, шакли тайёраш дар дорухонаҳо ё мағозаҳои косметологӣ фурӯхта мешавад.

Ин маҳсулот мӯйҳои нолозими баданро тоза намуда, пӯстро аз ҳуҷайраҳои мурда пок мекунад. Инчунин, он пӯстро ҳамвор, тоза ва ботароват мекунад.

Ин амалиётро аслан мутаххасисони касбӣ мегузаронанд. Баъди анҷоми чунин амалиёт мӯйҳои нолозими бадан дер баромада, оҳиста - оҳиста кам мешаванд.

Агар шугарингро мунтазам истифода баред, мӯйҳои бадан сафедчатоб гашта, тунуку тоза карданаш осон мегардад. Ин усул дар замонҳои қадим дар қаламрави Миср, Форс ва Юнон мавҷуд буда, онро аз найшакар омода мекарданд.                                                                   

Амалиёти шугарингро дар муҳити хона ҳам метавон анҷом дод, чунки он маҳсулоти табиӣ аст ва ба пӯст зарар надорад.

Бояд донист, ки ҳангоми иҷрои шугаринг ҳарорати бадан баланд мешавад. Бинобар ин, ба нафароне, ки аз бемории васеъшавии рагҳо (варикоз) азият мекашанд, иҷрои ин амал қатъиян манъ аст.

Барои он ки амалиёти шугаринг бе дард гузарад, кӯшиш намоед баъди 4 ё 5 рӯзи қатъ шудани давраи ҳайз бо ин кор машғул нашавед. Ҳамзамон, истифодаи шугаринг барои занҳое, ки гирифтори бемориҳои диабети қанд ё ҳомиладор ҳастанд, тавсия дода намешавад, чунки дар давраи ҳомиладорӣ занҳо бисёр ҳассос шуда, дардро бештар эҳсос мекунанд.     

Ҳама гуна амалиёте, ки боиси дардро эҳсос кардани инсон мегардад, сабаби хуруҷ намудани бемориҳои равонӣ ва асаб гашта метавонад. Хусусан, ба нафароне, ки гирифтори бемории саръ (эпилепсия) ҳастанд, шугаринг тавсия дода намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД