arzon replenishment
ШӮРОИ УЛАМО ГУФТ ҚУРБОНӢ БАЪДИ НИСФИРӮЗӢ ИҶРО ШАВАД!
2423

Имсол дар Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои мусалмонони дунё - Иди Қурбон рӯзи 31 июл, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи оянда таҷлил карда мешавад.

“Ба эҳтимоли зиёд бинобар сабаби коронавирус намози Иди Қурбон низ бе иштироки ҷамоат дар хонаҳо доир мегардад. Дар ин бора низ қарори дахлдори Шӯрои уламо фардо бароварда хоҳад шуд”, - гуфт як манбаъ аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои маркази исломии Тоҷикистон санаи баргузории Иди Қурбонро расман тасдиқ кард. Ӯ имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин ва танзим анъана гуфт, мувофиқи ҳисобҳои илмӣ имсол ид ба рӯзи ҷумъа - 31 июл рост меояд.

Ӯ шарҳ дод, ки намози Ид ба таври дастаҷамъона доир намешавад ва шаҳрвандон метавонанд дар вақти намоз дар хонаҳояшон ба зикри Худо ва тасбеҳу дуо машғул шаванд.

"Азбаски мо дар ҳолати фавқулодда ва маъмуливу ғайриодӣ қарор дорем, масоҷид баста аст, то бартараф шудани ин хатар. Дар ин ҳолат шариати исломӣ пешбинӣ кардааст ва намозгузорон дар хонаҳои худ дар вақти намози ид ба зикру тасбеҳ мағул шаванд", - гуфт раиси Шӯрои маркази исломии Тоҷикистон.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, дар бораи чӣ гуна дар ин ҳолат сурат гирифтани қурбониро низ шаҳр дод.

"Як нозукӣ мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ аст, ки дар сурате намози ид хонда намешавад, қурбонӣ пас аз пешин сурат гирад. Чаро ки инҷо бояд намози ид хонда мешуд, ҳоло намешавад ва ба ҳамин хотир қурбонӣ каме бо таъхир анҷом дода мешавад",-гуфт абдулқодирзода.

Ӯ гуфт, як соат пас аз баромадани офтоб низ қурбонӣ ҷоиз аст, аммо хубтараш пас аз пешин ин амал иҷро шавад, савоб зиёдтар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД