Arzon march 2024
Шоҳрух Хон аз комёбиҳои фарзандонаш меболад
3260

Ситораи рақами 1-и Болливуд Шоҳрух Хон ва ҳамсараш Гаурӣ Чиббер Хон аз муваффақияту комёбиҳои фарзандонашон шоданду бо онҳо мефахранд. Ин дар ҳолест, ки писари хурдии онҳо Абрам Хони 7-сола ҳафтае қабл дар мусобиқаи навбатӣ оид ба таэквондо миёни кӯдакон сазовори зинаи намоён ва медал гардид.

«Ту тамрин мекунӣ, ту меразмӣ, ту ғалаба мекунӣ… Фикр мекунам, ки аз ҷоизаҳои ман дида, медалҳои фарзандонам зиёдтар аст. Ин хеле хуб аст…»,-навиштааст, Шоҳрух Хон дар саҳифаи Инстаграми худ. Матлаби ҳунармандро дар Инстаграм 1,2 миллион нафар аз назар гузаронида, зиёда аз 5 ҳазор нафар Абрамро бо ин муваффақияташ табрик гуфтаанд. Ин нахустин медали бадастовардаи Абрам нест, зеро ӯ иштирокчии фаъоли чунин чорабиниҳои варзишӣ ва барандаи зиёди медалҳост.


НИЛУФАР: МАН ЗИНДАГИИ ФАРИДУНУ ФАРЗОНАРО ВАЙРОН НАКАРДААМ(ВИДЕО)


Ёдовар мешавем, ки ҳамаи фарзандони Шоҳрух Хон ба варзиши навъи таэквондо машғуланд ва дар баробари ин дар соҳаи санъату синамо низ худро борҳо санҷидаанд. Писари калонии ӯ Ориён Хон бори аввал дар филми «Дар ғаму шодӣ» нақш офарида буд. Духтараш Суҳана Хон бошад, рақсро дӯст медорад. Суҳана мегӯяд, ки варзишро дӯст медорам, вале бо хоҳиши падарам ҳунарпеша мешавам. Абрам Хон низ худро бори аввал дар филми «Соли нав муборак!» санҷида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД