Дар робита ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон шоми имрӯз, 15-уми январ аз соати 17:30 то 19:30 роҳҳо баста шуда, ҳаракати нақлиёт дар як қатор кӯчаҳои шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад.
Тавре МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар додааст, шоми имрӯз аз соати 17:30 то 19:30 ҳаракати тамоми намудҳои воситаҳои нақлиёт тариқи кӯчаҳои Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва хиёбони Рӯдакии пойтахт маҳдуд карда мешавад.
Аз ронандагон хоҳиш карда шудааст, ки аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд. Таваққуфи мошинҳо дар кӯчаҳои номбаршуда манъ мебошад.