Чанд моҳи охир ҳама ҷо сухан аз шоколади Дубай меравад. Блогерҳо ва чеҳраҳои машҳур “Шоколади Дубай”-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун бомазатарин ва лазизтарин ширинии дунё тарғиб менамоянд, вале табибон бар он андешаанд, ки ин навъи шоколад ба саломатии инсон зарар дорад. Аз ҷумла «Доктор Питер» бо кӯмаки коршиносон таркиби шоколади Дубайро омӯхта, хулосаашро дар Tengri Life чунин баён кардааст: “Ин ширинии машҳурро на дар фабрикаи қаннодӣ, балки бо усули дастӣ тайёр мекунанд. Шоколади Дубай аз шоколади ширӣ, писта, кунҷит ва хамираи катаифӣ омода карда мешавад, ки ба риштаҳо ё торҳои хеле нозуки ба ҳамдигар печида монандӣ дорад. Ба он об, намак, орд, тухми мурғ ва рангкунандаҳои кимиёвиро илова мекунанд. “Хамираи ширин, шоколади ширин ва орди дар таркиби шоколади Дубай мавҷуд буда, ин ширинии зоҳиран хеле бомаззаро ба бомбаи ҳақиқии углеводи табдил медиҳад. Ширинии мазкур метавонад ба саломатии инсон зиён расонад,”- гуфтааст табиби токсиколог Михаил Кутушов. Табибон мегӯянд, ба ғайр аз писта ва кунҷит ба шоколади Дубай консервантҳо ва меваҳои экзотикиро низ илова мекунанд, бинобар ин, истеъмоли ин ширинӣ метавонад касро ба аллергияи шадид ва шоки анафилактикӣ гирифтор созад. Барои исботи гуфтаҳои худ табибон ҳодисаи бо як духтари ҷавон рӯйдодаро мисол меоранд, ки баъди хӯрдани як пора шоколади Дубай дар оғоз забон ва даҳонаш ба хориш даромада, баъди чанд лаҳза чашмонаш варам кардаанд ва тамоми аъзои баданаш ба сӯзиш даромада, нафасгириаш душвор шудааст ва тамоман аз ҳуш рафтааст. Табибон мегӯянд, агар духтарро сари вақт ба беморхона намебурданд, кор бо фоҷиа анҷом ёфта метавонист. Шоколади Дубай боиси аллергия нагардад ҳам, ба рӯдаву меъда зиён дорад ва метавонад дамиши шикамро ба вуҷуд орад. Равғаннокии ин шоколад хеле зиёд буда, баъди хӯрдани шоколади Дубай ба шикамрав ва зардаҷӯш гирифтор шудан мумкин аст. Ба ғайр аз мушкилоти меъдаю рӯда ва шоки анафилактики, истеъмоли ин шоколад бо сабаби қанд ва углеводи бисёр доштанаш ба ғадуди зери маъда ва талхадон ҳам зарар дорад. Табибон ба бемороне, ки холецистит ё санги талхадон доранд, маслиҳат медиҳанд, ки аз хӯрдани шоколади Дубай худдорӣ намоянд, зеро ба саломатиашон зиён дорад. Ба беморони диабети қанд дошта низ хӯрдани шоколади Дубай маслиҳат дода намешавад, чунки дар таркибаш равған ва қанди бисёре дошта, хеле зарарнок мебошад. Шахсоне, ки ба ин ширинӣ дил баста, ҳар рӯз як пора шоколади Дубай мехӯранд, бо мушкили фарбеҳӣ рӯ ба рӯ мегарданд, бинобар ин, дар истеъмоли ин ширинӣ меъёрро нигоҳ доштан шарт ва зарур мебошад. Одамони аз чормағз, писта ва бодом аллергия дошта, бояд аз хӯрдани шоколади Дубай худдорӣ намоянд. Шумо бе шоколади Дубай зиста наметавониста бошед, пас дар хона бо дасти худатонро онро тайёр кунед. Барои ин шуморо лозим аст, ки хамираи хушсифати “Катаифи”-ро пайдо намуда, ба он каме мағзи писта ва ба ҷойи шоколади ширӣ шоколади талхи сиёҳ андозед, то коллориянокиаш камтар шуда, ба саломатӣ зиёни зиён нарасонад. Дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои аллергия аз қабили хориши забон, сӯзиши бадан, баромадани ҳар хел доначаҳо дар пӯст ё душвор гаштани нафасгирӣ ҳатман ба таври фаврӣ ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед ё ба беморхонаи наздиктарин муроҷиат намоед.