Шоир, нависанда ва рӯзноманигори соҳибқалам Султонмуроди Одина шаби 14-уми январ дар 75-солагӣ аз олам даргузашт.
Тавре рӯзномангир Суҳроби Зиё дар саҳифаи худ дар “Фейсбук” хабар додааст, ҷанозаи марҳум имрӯз, 15-уми январ пас аз намози пешин дар деҳаи Шопури шаҳри Ҳисор баргузор мегардад.
Султонмуроди Одина 3-юми ноябри соли 1950 дар деҳаи Кӯҳони шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, соли 1972 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. Корро ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёт оғоз намуда, баъдан аз соли 1980 то 2023 дар вазифаҳои гуногуни ҳукумати ин шаҳр фаъолият менамуд. Султонмуроди Одина аз соли 1990 то 1994 узви комиссияи таҳияи Конститутсияи Тоҷикистон ва солҳои 1994–1995 узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буд.
Муассиси маҷаллаи “Маорифи Ҳисор” ва аз соли 2012 то нафаси охирин сармуҳарририи маҷаллаи “Ҳисори зарнисор” буд.
Дар баробари фаъолияти рӯзноманигориаш Султонмуроди Одина ба эҷоди шеър ва асарҳои баъдӣ низ машғул шуда, қисса, ҳикоя, асарҳои саҳнавӣ, публисистӣ, ҳуқуқӣ ва таълимию тарбиявӣ эҷод мекард. Китобҳояш “Родмарди Ҳисорӣ”, “Ҷамоат”, “Муфтии шаҳид” (бо ҳамқаламии Х.Ашўров), “Дарёдил”, “Тобишҳои зиндагӣ”, “Бозтоби тақдир”, маҷмўаҳои шеърии “Шукрона”, “Дарди дил”, “Афсонаи шафақ”, “Мурғакони ризқҷў”, Нури ҳавас”, “Пайроҳаҳои камолот”, “Гулчини ҳавас”, “Асрори бозубанд”, “Меҳроби умед”, “Боли орзу”, “Идҳои ориёӣ”, “Санои афсона” номи Султонмуроди одинаро зинда нигаҳ медоранд.