Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова субҳи имрӯз, 20-уми август, дар синни 86-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.
Дар ин бора яке аз пайвандони марҳум хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, маросими видоъ бо Ҳадиса Қурбонова имрӯз назди манзилаш дар кӯчаи Нусратулло Махсум, 73/4-и Душанбе баргузор мешавад.
Ҷанозаи шоири маъруфи тоҷик пас аз намози пешин дар масҷиди ҷомеи шаҳри Душанбе ба номи Имоми Аъзам баргузор хоҳад шуд. Пайкари Ҳадиса Қурбоноваро дар оромгоҳи «Лучоб», дар канори дигар аҳли илму адаби кишвар ба хок месупоранд.
Ҳадиса Қурбонова 17-уми феврали соли 1940 дар деҳаи Шӯркаҳаки ноҳияи Сарихосор ба дунё омадааст. Кӯдакии ӯ ба солҳои душвори Ҷанги дуюми ҷаҳон ва давраи баъди он рост омада, дар ятимхонаҳои Сарихосор, Балҷувон, Унҷии Хуҷанд, Шаҳринав ва Душанбе гузаштааст.
Соли 1963 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар як қатор рӯзномаву нашриётҳои кишвар, аз ҷумла «Ирфон», «Пионери Тоҷикистон» ва «Адиб» идома додааст.
Шоира муаллифи даҳҳо маҷмӯаи шеърӣ, достонҳои таърихӣ, аз ҷумла «Ҳилолӣ», «Меҳвари ишқ» ва «Хаймаи Хайём», инчунин намоишномаҳои театрии «Мӯниса», «Дуроҳа» ва як қатор очеркҳои публитсистӣ мебошад.
Осор ва тарҷумаҳои Ҳадиса Қурбонова ба забонҳои гуногун ба табъ расидаанд. Барои саҳми арзандааш дар рушди адабиёти тоҷик ӯ ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Даргузашти Ҳадиса Қурбонова барои адабиёти тоҷик талафоти бузург маҳсуб мешавад.