Занро ҷинси латиф мехонанд ва аксарият бар он боваранд, ки хонумҳо рӯҳан ва ҷисман заиф буда, ба осонӣ шикаста мешаванд, вале занҳои боғайрате ҳастанд, ки ба қавле, агар кӯҳро бо мушт зананд, талқон мешавад.
Корнамоии Шоира ва Рӯҳафзо далели равшани ин гуфтаҳо буда, ин ду тоҷикдухтари паҳлавон обрӯи миллату Ватанро дар сатҳи байналмиллалӣ баланд мебардоранд.
Ин ду тоҷикдухтари паҳлавон дар чемпионати ҷаҳон оид ба муштзанӣ (бокс) дар Туркия бар ҳарифонашон ғолиб омада, шарафи варзишии мамлакатро ҳимоя мекунанд.
Рӯҳафзо Ҳақназарова дар вазни 50 кг. варзишгари Боливиягӣ Айда Санталлиро бо ҳисоби 5-0. шикаст дода, ба даври 1\8 финал баромадааст. Рақиби навбатии паҳлавондухтари тоҷик Ингрит Валенси аз Колумбия мебошад.
Тоҷикдухтари дигари паҳлавон Шоира Зулқайнарова дар вазни миёна (то 63 кг) варзишгардухтари қувейтӣ Нуру Аль-Мутаириро бо ҳисоби 5-0. мағлуб намуда, дар даври навбатӣ бо Чеонг Хи Дун аз Куриёи ҷанубӣ қувваозмоӣ хоҳад кард.