Arzon april 2022
Шоҳиди хиёнат
02.01.2022
Zebo
7131

Ҷавонзане иҷозат пурсида, дохили утоқи кориям шуд. Каме асабӣ менамуд. Фурсат фароҳам сохтам, то ки ором шуда, арзи матлаб намояд. Ин бонуи лоғарандоми гандумгун дар бар либоси сиёҳу дар сар ҳиҷоб дошт. Вақте ки сабаби омаданашро изҳор карданӣ шуд, сар бардошта, ба сӯям чашм дӯхт. Дар чеҳраи зебо ва чашмони ҷаззоби сиёҳаш ҳолати ногуворе мушоҳида мешуд. Аз нигоҳаш дарк намудам, ки мушкилие дорад ва ин мушкилиро ҳам ифшо карда наметавонад ва ҳам пинҳон доштанаш тоқатфарсо аст.

-Акаи духтур! Моро апаи Меҳринисо ба назди шумо равон карданд, -зан чанде таваққуф намуда, давом дод, -дар масъалаи саломатии писарам муроҷиат карда будам. Он кас машварати шуморо тавсия доданд. Маро писарчаам вақтҳои охир бисёр асабӣ мекунад. Ӯ қариб ним сол мешавад, ки тамоман дигар шудааст. Маро гӯш намекунад. Дағалӣ мекунад. Аз кӯча то бевақтиҳо барнамегардад. Ба хондан низ шавқу ҳавас надорад. Ҳатто, вақтҳои охир маро шантаж мекунад. Мегӯяд, ки агар барои сайругашт бо ҷӯраҳоям пул надиҳӣ...- Дар ин лаҳза дар гунаҳои зан сурхӣ дамида, хиҷолатзада менамуд. Лаҳзае таввақуф намуда, баъдан бо овози пасту ноустувор давом дод:

-Ӯ маро таҳдид мекунад, ки “ба падарам баъди бозгаштанаш, мегӯям, ки шабона бо як мард якҷоя хоб будед”.

Ба зан нигоҳ карда, мушоҳида намудам, ки гунаҳкорона нигоҳашро аз ман мегурезонаду чизеро пинҳон карданист... Лаҷоми суханро ба даст гирифта гуфтам:

-Магар барои гунаҳкор кардани шумо писарчаатон ягон асос дорад? Шумо чизеро аз ман пинҳон намедоред?

Зан ба ман нигариста, бо табассуми хиҷолатомез гуфт:

- Мабодо, ака, шумо фикр кунед, ки ман барои ягон амали ноҷоям писарчаамро асабӣ кардам? Ман зани тақводорам ва панҷ вақт намоз мехонам. Шавҳарамро дӯст медорам,-зан начандон боваринок суханашро идома дод: - Намедонам ба писарам чӣ шуда бошад. Охир, дар набудани падарашон кӯшиш мекунам, ки барои фарзандонам ҳама чиро муҳайё кунам. Онҳоро аз мадди назар дур намекунам. Мо ҳатто шабона дар як хона хоб мекунем...

Суханони зан берангу беэҳсос буда, сидқан садо намедоданд. Ба назар чунин мерасид, ки зан бо ин амалаш худро сафед кардан мехоҳад. Фаҳмидам, ки зери коса нимкосае ҳаст. Барои он ки аз нобоварии ман хиҷолатзада нашавад, гуфтам:

-Дар ин синну сол дар писарбачаҳо барои тасдиқи шахсияти хеш як рафтори низоъангез пайдо мешавад ва ҳангоме, ки ягон монеаро дар муқобили иҷро шудани хоҳишҳои хеш мебинанд, вобаста ба характеру миҷоз дағаливу дуруштӣ нишон медиҳанд. Агар иҷозат диҳед, бо писарчаатон дар алоҳидагӣ ҳамсуҳбат мешудам.

Зан норизоёна абрӯ чин карда, изҳор кард:

-Акаҷон! Фикр мекунам, шояд писарам хоб дидааст ё кадом вақте дар набудани шавҳарам омадани як хеши ҳамсари амакашро дар назар дорад. Оё имкон нест, ки ба писарам ягон табобат тавсия намоед. Шояд ӯ ба ягон бемории равонӣ гирифтор бошад?

Муссалам, буд ки зан аз чизе ҳарос дорад ва аз алоҳида суҳбат кардани ман бо писараш нороҳат аст. Ба ӯ гуфтам:

-Ман бояд бо писарчаи шумо ҳамсуҳбат шавам, шикоятҳояшро шунавам ва ӯро муоина кунам. Шояд сабабҳое бошанд, ки шумо дарк карда наметавонед, зеро мутахассис нестед. Кӯшиш мекунам, ки ба мавзӯи муносибатҳои оилавии шумо дахолат накунам, вале наметавонам аз писарчаатон напурсам, ки чаро маҳз бо шумо дағалӣ мекунад? Ба мактаб нарафтану оворогардӣ кардан ба ғайр аз сабабҳои беморӣ, боз метавонад сабабҳои шахсӣ дошта бошад.

Билохира, зан бо дили нохоҳам розӣ шуд, ки бо писарбачааш як ба як ҳамсуҳбат шавам. Ба назди ман писарбачаи тахмин 10-12-сола оҳиста ворид шуда, салом дод:

-Ассалом!

– Ваалайкум ба салом!-гуфта, ишора кардам, ки ба курсӣ нишинад. Писарак лоғарандоми чеҳрагарм буда, ба модараш шабоҳат дошт. Маълум шуд, ки 13 сол дошта, дар синфи шаш таҳсил мекардааст. Одатан кӯдакон ва наврасон дар назди коркуни тиб худро нороҳат ҳис мекунанд. Вале ин писарбача орому батамкин буд. Худро муаррифӣ карда, аз ӯ пурсидам:

-Писарам, аз саломатият шикоят надорӣ?

–Не,-оромона ҷавоб дод ӯ. -Амаки духтур, ман бемор нестам ва худро нағз ҳис мекунам.

Каме хомӯш истода, боз пурсидам:

-Муносибатат бо аҳли оилаатон чӣ гуна аст? Алалхусус бо модарат?

Писарбача ба саволҳоям ҷавоб надода пурсид:

-Модарам ба шумо дар бораи ман чизе гуфт?

Барои он, ки суханҳои модар нисбати ин писарак ӯро асабонӣ накунанд, гуфтам:

-Модарат туро дӯст медорад ва бо сабаби тағйир ёфтанат хавотир аст, ки мабодо заъфи асаб нашуда бошӣ?- Ва илова намудам:- Модарат мегӯяд, ки писарчаам пештар ба ман хеле меҳрубон буд, вале аз чӣ бошад, вақтҳои охир дағалӣ мекунад, гапамро гӯш намекунад ва ҳатто таҳдидҳои ноҷо ва беасос мекунад. Ин рост аст?

Писарак сари худро ба пеш хам карда, хомӯш менишаст. Чеҳраи ӯ хиҷолатзада ва андӯҳгин буд. Ҳангоме, ки сар бардошта, ба ман нигоҳ кард, дар чашмонаш ашк ҳалқа зада, дар ботинаш алами пинҳоне туғён дошт.

-Писарам, аз чӣ нороҳат шудӣ? Шояд хоҳиши ба пурсишҳои ман ҷавоб додан надорӣ? Агар шикоят надорӣ, пас, бирав ва кӯшиш кун, ки модаратро хафа накунӣ. Охир, модарат нороҳат шудааст, ки мабодо писарам бемор нашуда бошад.

Ӯ ба ман нигоҳ карду бо овози паст, вале ором гуфт:

-Амаки духтур! Баъд аз он шабе, ки модарамро бо як марди бегона дидам, ӯро чашми дидан надорам. Ман фаҳмидам, ки ӯ ба падарам хиёнат кард. Аз ҳамон лаҳза намедонам чӣ кор кунам. Ҳар гоҳ, ки он манзараи шабона пеши назарам меояд, нороҳат мешавам ва хонаамон дар назарам ифлос метобад. Аз ҳамин сабаб, бисёртар ба кӯча мебароям ва ба хона дер бармегардам. Маро дигар ҳавасе намонда, на хондан, на орзу кардан, фақат омадани падарамро мунтазирам,-як оҳи чуқур кашида, давом дод:

-Фардои ҳамон шаб ман аз модарам пурсидам, ки чаро шабона дар набудани падарам марде дар паҳлӯи ту хоб буд? Модарам ба сарам дод зада гуфт, ки ту хоб дидӣ ва ё девона шудӣ. Ӯ фикр мекунад, ки ман кӯдакам ва ҳеҷ чизро намефаҳмам. Вале ман медонам, ки модарам ба як кори бисёр бад даст зад. Ӯ дар набудани падарам бо марди бегона ишқварзӣ кард. Агар чунин набуд, дар набудани падарам як марди бегона дар нисфи шаб дар хонаи мо, дар паҳлӯи модарам чӣ кор мекард? Ҳар гоҳе, ки он лаҳзаро ба хотир меорам, дар пеши чашмам падарам пайдо мешавад ва дилам ба ӯ сахт месӯзад. Охир, ӯ баром ману додарчаҳоям ва модарам ҳар сол барои пулкоркунӣ ба хориҷа меравад. Шояд ӯ дар он ҷо азоб дошта бошад? Дар бистару болини мулоим хоб накунад? Гушнаву ташна кор кунад. Аммо модарам, нисбати ӯ беҳурматӣ зоҳир кард.

Ман лаҳзае шубҳа надоштам, ки ин писарчаи дустрӯяк, ки дар пушти лабони пурраи пурхунаш як хатти ба мӯйлаб монанд пайдо шуда, овозаш гоҳе мардона ва гоҳе кӯдакона садо медод, беихтиёрона шоҳиди як амали ба Худованд зиште аз тарафи модараш шуда, акнун намедонад чӣ кор кунад. Ин муаммои ба сараш омадаро чӣ гуна ҳал кунад. Амали модарашро, ки пештар ба ҷон дӯст медошт, чӣ гуна баҳо диҳад? Ба падараш чӣ мегӯяд? Ба ҳар ҳол, ба ин писарчаи дучори озори равонӣ шуда муроҷиат карда гуфтам:

-Писарҷон, мабодо ту ин ҳамаро дар хоб надида бошӣ? Охир, чунин буданаш мумкин. Шояд ту пештар ягон вақт модару падаратро паҳлӯи ҳам дидӣ ва ҳамин лаҳза дар хобат рӯъё шудааст. Симоҳои шахсоне, ки дар хоб мебинӣ, метавонанд, ки дигар шаванд.

Писарак ба ман як нигоҳи маънидорона карда, гӯё фикр мекард, ки ин амаки духтур низ ба ман бовар намекунад, гуфт:

-Амакҷон, ман хоб диданро аз ҳақиқат фарқ мекунам. Ҳар вақте ки падарам ба муҳоҷират мерафт, ҳамон мард ба хонаи мо омада, дар пеши дари хонаамон бо модарам соатҳо суҳбат мекард. Онҳо гоҳ-гоҳе паст гап мезаданд, агар мо ба наздашон равем, моро зуд меронданд, ки гап гӯш накунед. Пас аз рафтани падарам ба муҳоҷират мо ҳамроҳи додару хоҳар ва модарам дар як хона хоб мекардем. Он шаб вақт аз поси шаб гузашта буд. Ман аз хоб бедор шуда, дидам, ки модарам дар паҳлӯи мо нест. Хавотир шуда, ба долони хона баромадам. Гарчанд чароғи долон хира буд, лекин дар назди даҳлез ба назарам пойафзоли мардона намуд. Фикр кардам, ки шояд падарам омада бошад. Наздик омада дидам, ки андозаи пойафзоли мардонаи дар назди дар буда, аз андозаи пойафзоли падарам калон буд. Хавотир шудам, ки мабодо ба хонаамон дузд надаромада бошад? Модарамро дар ошхона ҷустуҷӯ кардам, вале ӯ дар он ҷо набуд. Вақте ки дари меҳмонхонаро кушодам, дидам, ки модарам бо як марди бегона ҳамхоба аст. Ман шарм кардам, ки чизе гӯям. Ба ҷойгаҳи хобам даромада, баъди фурсате хобам бурдааст. Саҳар бедор шуда, дидам, ки модарам дар паҳлӯи мо хоб аст. Вақте аз ӯ дар бораи марди шабона ба хонаамон омада ва дар як ҷойгаҳ хоб буданаш пурсидам, модарам маро танбеҳ дода, гуфт, ки ту хоб дидаӣ. Ба хонаи мо касе наомада буд. Аввалҳо ба ин воқеа кам эътибор медодам. Мехостам дигар фикри онро накунам. Лекин баъдтар сарфаҳм рафтам, ки модарам ин мардро дар набудани падарам даъват кардааст. Ин андеша оҳиста-оҳиста майнаи маро печонида гирифта, маро ноорому асабӣ мекард. Ба кӯча баромада, ба хона баргаштан намехостам. Дар назди ҷӯраҳоям худро пасту ҳақир ҳис мекардам. Фикр мекардам, ки онҳо гуноҳи модари маро медонанду дар ғайбам маро масхара мекунанд, модарамро бад медидагӣ шудам. Мехостам бо ягон кирдори худ ӯро асабӣ кунам. Гоҳ-гоҳ аз алам мегӯям, ҳамин ки падарам бозгашт, ман ҳама дидагиямро ба ӯ нақл мекунам. Модарам ба ғазаб мегӯяд, ки ту зиён дорӣ, ҳар чӣ ба назарат метобад. Вале ман медонам, ки ӯ метарсад, ки мабодо гуноҳашро ба падарам нақл кунам. Барои ҳамин, маро имрӯз ба назди шумо овард, то дар ҳолати зарурӣ ба падарам гӯяд, ки ман зиёни руҳӣ дорам ва маро ҳатто ба духтур бурдааст.

Мо чанд лаҳза хомӯш ба фикру андешаи худ фурӯ рафтем. Ман фикр мекардам, ки бо як амали бехирадмандонаи модар ин писарбача дар як лаҳза аз беғамию бепарвогии аёми кӯдакиву наврасии хеш маҳрум шуда, акнун намедонад чӣ гуна рафтор кунад. Шояд ӯ намехоҳад, ки модарашро дар назди падараш гунаҳкор кунад ва мунтазир аст, ки модараш аз хиёнати хеш пушаймон шуда, аз ӯ бахшиш мепурсад ва илтимос мекунад, ки ба падараш чизе нагӯяд. Аммо вақте, ки модараш ин амали зишти худро қатъиян инкор карда, ба ҷои бахшиш пурсидан худи ӯро гунаҳкор мекунад ва бо ин амали худ дар ҳастии кӯдаконаи ӯ низоъро меангезонад, писарак бо рафтори дағал, гӯш накардан ба ҳарфи модар ва оворагардияш зиддият нишон медиҳад. Шояд ба ин роҳ мехоҳад, ки модараш аз кардаи худ пушаймон шуда, минбаъд як марди дигарро ба хонаашон даъват накунад? Дар майнаи ман фикрҳои мухталиф, аз он ҷумла нақшаи аз ин мушкилӣ халос кардани як кӯдак, ки тавассути рафтори ношоистаи модараш ба сараш омадаст, чарх мезаданд. Ин гиреҳи омехтаи аз як тараф хоҳишу нафс ва тарафи дигар гуноҳу хиёнатро чӣ тавр метавонам баҳогузорӣ кунам? Дар он лаҳза фикр мекардам, ки шояд писарбача ба падараш воқеаро хабар диҳад. Дар ин сурат муссалам аст падару модар ҷудо мешаванд ва ин боз як омили такони руҳӣ ба фарзандон мешавад. Аз тарафи дигар, оё ин зан метавонад, ки гӯё ҳеҷ воқеае нашуда бошад, зиндагии худро бо шавҳараш давом диҳад? Шояд ӯ пушаймон аст, вале аз тарс намедонад, ки чӣ гуна рафтор кунад. Ягона роҳи халосиро дар инкор кардани гуноҳи хеш ва туҳматро дар ҳаққи писари худ мебинад, ки гӯё ӯ хоб дидаст ва ё ба бемории равонӣ гирифтор шудааст. Ин зан бори сангини хиёнати дар ҳаққи шавҳари ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаашро чӣ гуна таҳамул мекунад? Охир, баъди бозгашти шавҳараш, ҳар як ҳаракати писараш, нигоҳи маънидори вай ӯро ба ҳарос меорад, ки мабодо сирру асрораш фош шавад. Аз тарафи дигар лаҳзае, ки бо шавҳараш рӯ ба рӯ мешавад, ба хотираш меояд, ки ӯ ба муқаддасоти оила иснод овард ва ба ҳамин марди заҳматкаше, ки ӯро ҳам мехӯронаду, ҳам мепӯшонад, дар ҳаққаш хиёнат содир намуд, яъне бевафогӣ кард. Муссалам аст, ки ӯ дигар ором зиндагӣ карда наметавонад. Ин зан бо дасти худ ба пои зиндагии осудаҳолонааш теша зад. Охир, офтобро ба доман пӯшида намешавад! Аз тарафи дигар шавҳари ӯ чи гуноҳ дорад, ҳамсарашро бардошта гардад? Ӯ ҳангоми озими сафар шудан боварӣ дошт, ки ҳамсари бовафо дорад ва ӯро содиқона мунтазир мешавад. Ӯ барои нангу номуси зану фарзандонаш барои он ки онҳо гушнаву ташна ва бе либос намонад, барои он ки шаъну эътибори ҷавонмардии худро дар назди хешу табор ва қавм гум накунад, то нагӯянд, ки ӯ чи хел мард аст, ки фарзандонаш ва ҳамсараш нони хӯрдан надоранд. Ба муҳоҷирати корӣ рафт. Ҳарчанд хуб мефаҳмид, ҳиҷрат бори сангинест. Медонист ки бо меҳнати сангини аз субҳ то шом маблағе ба даст мебиёраду ба хона равон мекунад. Аз олами андешаҳои хеш берун шуда, ба писарбача муроҷиат кардам:

-Писарам, ту шоҳиди рафтори беақлонаи модарат шудӣ. Аз нақли ту ба ин хулоса омадам ва ба ростии гуфтаҳоят шубҳае дар ман нест. Ӯ сархам менишаст, зеро намедонист, ки чӣ кор кунад. Охир, модарашро чӣ маҷбур кард, ки марди бегонаро шабона ба хона даъват кунад? Агар падараш дар хона мебуд, ин мард шабона ба хонаи онҳо намеомад. Агар падараш шабона омадани ин мардро фаҳмад, чӣ мегӯяд? Шояд ӯ модарашро сахт ҷазо диҳад ва ҳатто худо накунад... вай аз ин фикр метарсид. Аз тарафи дигар ӯ модарашро дӯст медошт. Намехост ки падару модараш аз ҳам ҷудо шаванд.

-Акнун чӣ кор кардани ҳастӣ?

-Намедонам,-кутоҳакак ҷавоб дод.

-Писарам! -Ӯ ба ман нигарист. Нигоҳаш имдодҷӯёна буда, гӯё аз ман мунтазири маслиҳате буд, то тавонад роҳи дурусти ҳалли ин масъалаи шигифтангезеро пеш гирад,- Ту ҳақ дорӣ, бо хоҳиши худат амал кунӣ. Метавонӣ ин сирро махфӣ нигоҳ дорӣ ва метавонӣ ба падарат қисса кунӣ. Дар ҳар ду сурат биё тассавур кунем, ки кор тахминан ба чӣ меанҷомад. Дар сурати махфӣ нигоҳ доштани ин сир, ту бояд гуноҳи модаратро бахшида тавонӣ. Дар сурати дуюм падарат аз шунидани ин хабар сахт асабӣ шуда, нороҳат мешавад. Худоё накунад, ки ӯ ин нангро таҳаммул накарда, дар ҳолати идора карда натавонистани эҳсосҳои хеш ба модарат зарари ҷисмонӣ расонад. Бо чунин самт гирифтани воқеа падар озими зиндон мегардад. Аз дигар тараф шояд падарат аз ғаму ғусса бемор шавад ва ё худое накарда, ин бешарафиро таҳҳамул карда натавониста ба худкушӣ даст занад, пас аҳволи додару хоҳари ту чӣ мешавад? Оё шумо метавонед мустақилона дар ин давраи душвори зиндагӣ рӯзгори худро пеш баред? Шояд хешу таборон шумоёнро сарпарастӣ кунанд, вале ин ба меҳрубонӣ ва ғамхории падару модар баробар шуда наметавонад.

Мабодо хоҳаракат аз набудани шароту имкониятҳои зиндагӣ нахонда бесавод монад ва пас аз набудани падару модар ба зери таъсири ашхоси бадахлоқ монда, ба роҳи бад равад? Ту, ки хоҳараки худро дӯст медорӣ, оё метавони, ки чунин тақдири хоҳаракатро таҳаммул кунӣ? Ба ӯ дилат намесӯзад? Писарам, шояд модари ту дар асл бар падарат содиқ аст, вале ӯ дар таҳти фишори талқини як мард мондааст. Ҳар як инсон метавонад ҳушёриро аз даст дода, фирефтаи ягон дурӯғи козиб шавад. Модари ту низ аз набудани дуру дарози муҳаббати шавҳараш, фирефтаи афсонаҳои ширини ҳамон мард гашта, иродаи худро аз даст додааст. Шояд ҳамон марде, ки ту шабона ҳамроҳи модарат дидӣ, бо роҳи фиреб ба хонаи шумоён бо ягон сабаби дигар рафтуо карда, баъдтар модаратро тарсонида бошад, ки дар бораи ӯ овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунад. Аз тарафи дигар калонсолон низ амалҳои бехирадона зоҳир карда, баъдтар аз кардаи худ сахт пушаймон мекарданд. Модари ту низ аз кардаи хеш сахт пушаймон аст, вале намедонад, ки чӣ кор кунад. Барои ӯ дарди бахайр буд, агар ин амали норавои ӯро касе намедид. Вале ӯро ҳангоми гуноҳ кардан дидаанд ва ин ту ҳастӣ. Ӯ ба ҳар роҳ мехоҳад, туро бовар кунонад, ки он шаб дар хонаатон касе набуд. Он чизе, ки ту дидӣ, ин дар хобат буд ва ё аз сабаби бемории асаб.

Ман медонистам ки таҳлили сабабҳои ҳодисаи он шаб барои ин писарбача аз бегуноҳии модараш шаҳодат намедоданд. Ягона хулосае, ки дар майнаи ӯ буд, ҳамин буд ки модараш як кори бадеро дар набудани падар анҷом додааст. Вале ман бошуурона чунин воситаи талқинро пеш гирифтам, зеро дар фикри ман нақшаи наҷот додани ин оила буд. Магар ман метавонистам дигар хел рафтор кунам? Масалан, арз кунам, ки мебахшед, ин мушкилии шумо ба табобати духтур эҳтиёҷ надорад. Равед, худатон ин масъаларо оилавӣ ҳал кунед. Ман қарор додам, ки дар кадом сурате набошад, ин зани беандешаро на танҳо ба хотири вайрон нашудани оила ва наҷоти вай аз шармандагӣ, балки барои аз таъсири сахти такони руҳӣ эмин доштани фарзандонаш бо ин таҳлилҳои начандон асоснок, вале сулҳомез дар назди писараш каме бошад ҳам, сафед кунам. Бешак, дар сар задани фоҷиаи оилавӣ ин зан гунаҳкор буд.

Писарбача ба ман нигоҳе афканд, ки маънояш чунин буд: Ӯ намехоҳад, ки падару модараш аз ҳам ҷудо шаванд. Ӯ намехоҳад, ки бо хоҳару додараш сағира калон шаванд. Ӯ намехоҳад, ки хоҳари дустрӯякаш калон шуда, бероҳагард шавад. Шояд ин лаҳза худро сарзаниш мекард, ки ӯ марди хона дар набудани падар чаро ба модараш кумак карда натавонист. Дар нигоҳаш оромӣ ва қатъияте пайдо шуда буд. Ӯ дар ин лаҳза ба шахси калонсоли ба як қарор омада шабоҳат дошт.

-Амаки духтур, - оромона ба сухан сар кард. - Ман фаҳмидам. Ба падарам чизе намегӯям. Мо бо ҳамдигар дӯстона хайрухуш кардем. Ҷавонзан дуюмбора ба назди ман даромада, мунтазири тавсияи табобати писари “бемораш” буд. Хостам аз дафтари ахлоқ ба ин зани сабук андеша насиҳате хонам. Вале суханҳои ҳаким Умари Хайём ба хотира меомад, ки гуфта буд:

“Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист, бигӯй”

Танҳо гуфтам: Агар тавонед, аз рӯйи амри виҷдонатон амал кунед, вале айни ҳол аз писаратон бахшиш пурсед. Ӯ бо гунаҳои сурх ва бо нигоҳи шармолуд, хомӯшона утоқи кории маро тарк гуфт. Аз тиреза ба поён нигоҳ карда дидам, ки модару писар оромона қадам мезананд. Модар сархаму ғарқи андеша буд.

Абдумаҷид Иброҳимов,

кардиолог-равонтабиб

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
А Д 2022-01-03, 08:52
Вой бар холи ин тоифа мардум ба кучо рафта истодаем.Занхо аз мардон Мардон аз занхо дида ахмактар шудаанд аз чавонон чи гила.Худо ба рохи рост хидоят кунад мардуми гумрохро аз паси харомкардахои Аллох нагарданд.Худо занад ту барин зани сатрдору такводорро аз худаш дида писараш хело баномусу бо фикр будаст.
Посух
Хамида 2022-01-03, 09:25
АСТАГФРИОЛОХ охМодар чаро саховори ин ном нашуди калби кучаки фарзанди худро фикр накарди ое зиндаги ин АСТ
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
А Д 2022-01-03, 08:52
Вой бар холи ин тоифа мардум ба кучо рафта истодаем.Занхо аз мардон Мардон аз занхо дида ахмактар шудаанд аз чавонон чи гила.Худо ба рохи рост хидоят кунад мардуми гумрохро аз паси харомкардахои Аллох нагарданд.Худо занад ту барин зани сатрдору такводорро аз худаш дида писараш хело баномусу бо фикр будаст.
Посух
Хамида 2022-01-03, 09:25
АСТАГФРИОЛОХ охМодар чаро саховори ин ном нашуди калби кучаки фарзанди худро фикр накарди ое зиндаги ин АСТ
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД