arzon replenishment
Шогирди Коно дар бораи «Келинпошо” чӣ мегӯяд?
1114



Дар Вилояти Суғд Каримҷон Ғафуровро хеле хуб мешиносанд. Ин марди шӯху базлагӯй бо ҳаҷвҳои намакинаш кайҳо боз дар дили мардум маъво гирифтааст.

Вақтҳои охир хеле камнамо шудани акои Каримҷон моро ба ҷустуҷӯйи ин марди ҳунар водор намуд ва ҳамроҳаш сӯҳбати ҷолибе анҷом додем, ки фишурдааш манзури хонандагони гиромии Оила. тч мегардад.

Қаблан ёдвар мешавем, ки Каримҷон Ғафуров 6 уми ноябри соли 1958 чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст ва аз 64 соли умри пурбаракаташ зиёда аз 30 соли онро сарфи санъат кардааст.

-Акои Каримҷон, мегӯянд “ захмае бояд, ки ҷони хуфта бархезад зи хоб” меуфтед, ки кӣ ё чӣ боиси аланга задани оташаки ҳунар дар вуҷуди шумо гашт?

-Ман ҳанӯз аз давраҳои кӯдакӣ ба санъат шавқу ҳаваси зиёд доштам. Замоне ки мо хурд будем, телевизор дар ҳар хона дида намешуд. Дар як деҳаи калонфақат як ё ду нафар телевизор доштанду халос . Аз ҳаимн сабаб ҳамин ки ягон филми нав пайдо шуд, онро дар кӯчаҳо намоиш медоданд, то ки мардум тамошо кунанд. Сокинони деҳа бо шунидани он ки филми нав овардаанд, хурсандона бо кӯрпаву кӯрпачаҳояшон ба майдон меомаданд ва дар рӯйи хоку лой нишаста, бо шавқ кино тамошо мекарданд. Ман ҳам ана ҳамин хел дар болои хоку хоктӯда ҳамроҳи ҷӯраҳоям нишаста бо ҳавас филмҳоро тамошо мекардам ва дар дил орзу мекардам, ки ягон рӯз мисли қаҳрамонҳои кино ман ҳам ҳунарнамоӣ кунам. Шояд худованд оҳи диламро шунид ё фариштаҳо омин гуфтанд, ки оқибат ҳаҷвнигор шудам.

-Касе аз аҳли хонаводаатон санъаткор набуд?

-Ман ятим ба воя расидаам. Ҳамагӣ 4-сола будам, ки падарам аз олам гузаштааст. Росташро гӯям, чеҳраи падарам чандон дар ёдам нетс, вале мардум мегӯянд, ки падарат бисёр одами шӯб буд, ҳамеша мардумро механдонд. Баъзе мӯйсафедон, ки раҳмати падарамро мешинохтаанд, даст афшонда мегӯянд, ки
ту актёр бошӣ ҳам, ҳоло ба он дараҷае, ки падарат мардумро шод мекард, нарасидаӣ...

-Устодатон дар соҳаи ҳаҷву ханда кист?

Ман ҳанӯз вақти дар Театри халқии шаҳри Истаравшан ба сифати коргардон фаъолият намуданам ба саҳнаҳои ҳаҷвӣ рӯ оварда, кам-кам сенария менавиштам. Дар ҳамон давраҳо бо Умеда Сатторова, Саодат Шарипова, Қайюм Бойқӯзиев ва Каримҷон Бобоев ҳамкорӣ карда, чанд намоишномаро ба саҳна монда будам, вале ин намоишнмаҳо ҳаваскорона буданд. Соли 1997 Фатҳулло Абдуллоев ба театри мо омаданду фаъолиятҳоям васеътар шуд. Мо бо роҳбарии ҳамон кас намоишномаи ҳаҷвии "Коно ва Доно"-ро нахуст дар сатҳи вилоятӣ ва баъдан ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузоштем. Ин аллакай сатҳи дигар, яъне сатҳи профессиналӣ буд, аз ҳаимн хотир метавонамбигӯям, ки Фатҳулло Абдуллоев то андозае ба ман ҳаққи устодӣ доранд.

-Кадом ҳунармандро дӯст медоред ва дар ҷодаи ҳунар бештар ба кӣ пайравӣ мекунед?

-Аслан ҳама ҳунармандон дӯстдоштанианд. Ҳар ҳунарманд, чӣ аз мо бошад, чи беруна, хусусиятҳои хоси худаш, мимикаҳои ба худаш хосе дорад, ки дар дили мардум ҷо мегиранд. Банда аз хурдӣ Чарли Чапин ва Раҷ Капурро бисёр дӯст медоштам. Боре бо пешниҳоди Фатҳулло Абдуллоев ба Чарли Чапин тақлид намудам. Ин дар як озмун буд. Чун образи офаридаам ба Чарли Чапин хеле монанд буд, аз тарафи тамошобинон ва аъзои ҳакамон хеле хуб пазироӣ гашт ва сазоври ҷойи аввал гаштам.

-Рисолат ҳаҷвнигор дар чист?

-Рисолати ҳаҷву ҳаҷвнигор танҳо хандонидани мардум нест, балки бо воситаи ҳазлу шӯхӣ нишн додани камбудиҳои ҷомеа ва тарбия кардани ҷавонон аст. Ҳаҷв дар баробари болидарӯҳ сохтани мардум бояд ҷиҳатҳои ахлоқию тарбиявӣ низ дошта бошад. Мутаассфона, ин чиз дар саҳнаҳои мо камтар ба назар мерасад.

-Чаро ҳоло консертҳои театрстудияи "Коно ва Доно" кам ба назар мерасад?

-Айни ҳол ҳунарманди маъруф Сулаймон Саидғозиев дар Руссия қарор доранд ва Фатҳулло Абдуллоев бо сабаби хуб набудани саломатиашон корро муваққатан бас кардаанд, аз ҳаимн хотир имкони гузоштани барномаи консерти нашуда истодааст. Худо хоҳад, баробари омадани Сулаймон ва беҳтар шудани саломатии Фатҳулло Абдуллоев консерти нав гузорем.

-Дар филми "Келинпошо" Шумо яке аз нақшҳои асосиро бозидаед. Қисми дуввуми ин филм кай ба навор мегиранд?

-Наворгирии қисми дуввуми филми "Келинпошшо" аллакай ба анҷом расид. Айни ҳол танзими филм идома дорад ва насиб бошад, рӯзҳои наздик он манзури тамошобинон мегардад.

-Ба мухлисон чӣ гуфтанӣ доред?

-Ман ҳар боре, ки ба саҳна мебароям, ба нафароне, ки сигор мекашанд, рӯ оварда мегӯям, ки як дона сигор панҷ дақиқа умри инсонро кӯтоҳ мекардааст. Як хандаи аз таҳти дил бошад, панҷ дақиқа умри инсонро дароз мекунад. Пас аз таҳти дил хандед, то "балансировка" - и умратон ҷо ба ҷо шавад! Мо ҳаҷвнигорон як шиор дорем ва доим ба мардум мегӯем "хандед, хандед ва боз хандед".
-Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД