"Нархи шартнома барои таҳсил дар донишкада 4 сол аст, ки бе тағйир мондааст. Нархи шартнома 3540 сомонӣ муайян шуда, донишҷӯёне, ки фаъоланд ва дар чорабиниҳо иштироки фаъолона доранду соҳиби ҷойҳои намоён мегиранд, аз шартнома озод карда мешаванд", - гуфт Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар нишасти хабарии имрӯз.
Номбурда қайд кард, ки қабули довталабон дар 3 давра ба роҳ монда шуд, духтарон имтиёзи бештар доранд. Яъне, духтароне, ки мехоҳанд дар риштаи варзиш таҳсил намоянд, бе мамоният қабул карда мешаванд.
Зикр гардид, ки донишҷӯёни донишкада дар чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ иштироки фаъол намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Аз ҷумла, имсол дар чорабиние, ки дар шаҳри Чиндуи Ҷумҳурии халқии Хитой гузашт, аз 104 давлати ҷаҳон варзишгарон иштирок намуданд. Аз донишкадаи мазкур Шаҳбоз Саидаброров, Раҷабмоҳ Абудоева, Мансур Раҳмонов, Шодмон Ризоев ва Раҳимов Улуғбек дар риштаи варзиш иштирок намуда, Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Таъкид гардид, ки аз миёни 25 хатмкунандаи духтар 15 нафар дар худи донишкада ба кор таъмин карда шуда, 15 духтар бе имтиҳони Маркази миллии тестӣ ба ин даргоҳ қабул карда шудааст.