Шириние, ки шифо мебахшад
145

Набот яке аз шириниҳои маъруфи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Он шакли булӯрӣ дошта, аз қиёми шакар омода мешавад. Набот на танҳо ҳамчун ширинии болаззат, балки як воситаи табобатӣ дар тиби мардумӣ аз қадим истифода мешавад.

Набот танҳо ширинии одӣ нест, он хусусияти шифобахшӣ дорад. Наботро барои дарди гулў, сулфа, бемориҳои меъдаю рўда ва барқарор кардани узвҳои дарунӣ истеъмол мекунанд. Набот ба кас нерў мебахшад ва бархе бар он назаранд, ки истеъмоли пайвастаи набот инсонро дарозумр мекунад.

Яке аз хусусиятҳои муҳими набот таъсири он ба фаъолияти меъдаву рӯда мебошад. Набот метавонад ҳазми ғизоро беҳтар намояд. Наботро асосан бо оби гарм ё чойи гиёҳӣ истеъмол мекунанд, то кори меъдаро фаъол намоянд. Ин усул махсусан пас аз хӯроки вазнин муфид дониста мешавад.

Азбаски набот манбаи зудтаъсири энергия мебошад, он барои одамоне, ки хастагӣ, заъф ё камқувватӣ эҳсос мекунанд, муфид аст. Наботро бештар беморон, навхонадорон ва бонувон пеш аз таваллуд истеъмол мекунанд. Истеъмоли пайвастаи набот метавонад иммунитетро баланд бардошта, ҳисси нерӯмандиро афзоиш диҳад.

Наботро чун дигар шириниҳо дар як дег намепазанд. Дар аввал ба дегҳои махсус шакар андохта, каме об ҳамроҳ мекунанд. Онро то 110 дараҷа меҷўшонанд. Сипас, ба дигар дегҳо, ки тозаю озода нигоҳ доштаанду равған нарасидааст, андохта, дам мекунанд. Дар дохили ин дегҳо қариб то сад қатор ришта кашида шудаанд.

Набот 4-5 рўз дар дег меистад. Вақте рўйи дегро мекушоед, қаймоқ (қаймоқи наботӣ) бастааст ва наботҳои кристалӣ дар дохили оби набот меистанд. Баъдан дар тобаҳои махсус гирифта, онро яктарафа мегузорем. Оби набот пурра рехта, набот мемонад. Ҳамин тавр, набот тайёр мешавад ва онро ба навъҳо ҷудо мекунанд. Наботҳо чунин намуд мешаванд: наботи дандона, наботмайда, марворид (наботи сафед), дандонамайда, таги дег, қаймоқи набот, хокаи набот ва оби набот.

Хулоса, набот на танҳо ширинии одӣ, балки яке аз шириниҳои шифобахш буда, барои табобати як қатор бемориҳо васеъ истифода мешавад. Хусусан дар фасли сармо истеъмоли набот хеле муфид аст. Бо вуҷуди сода будани таркибаш, набот бо тарзи махсуси омодасозӣ ва намудҳои гуногуни худ арзиши хос дорад ва то имрӯз зеби дастурхони мардум аст.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД