Агар дар ҳар гӯшае аз дунё номе аз Бадахшон бурда шавад, мардум бо таваҷҷуҳ ба огоҳии худ ба вижагиҳои мутамойизу мушаххаси он ишора мекунанд. Яке “Сарзамини лаъл”-аш мехонаду дигаре “Боми ҷаҳон”. Чизи дигаре дар робита ба шинохти дигаре аз Бадахшон матраҳ аст, ба «Ширчойи бадахшонӣ» иртибот мегирад, ки дӯстдоштатарин хӯроки мардуми кӯҳистон аст. Ширчой дар сурати табиӣ будани ширу маска ва риояи тарзи таҳияи он, ки ҳамзамон бо сода будан назокатҳое низ дорад, аз ҷумлаи болаззаттарин ғизоҳоест, ки вуҷудро бардам ва рӯҳро болида месозад.
Бинобар ин, бидуни тардид ширчой як ғизои суннатӣ буда ва бо фарҳанги ориёӣ пайванд дорад, ки дар кишвари мо беш аз ҳама дар Бадахшон ба он сахт дилбастагӣ доранд. Имрӯз дар меҳмонии ошхонаи “Оила” сарояндаи хушсадо, бонуи ҳунар Фотима Машрабова қарор дорад, ки сири омода намудани ширчойи болаззатро барои мухлисон мекушояд.
-Фотимабону, шумо ҳам яке аз дӯстдорони асили ширчой ҳастед?
-Ба фикрам ширчой субҳонаи дӯстдоштаи мардуми на танҳо Бадахшон, балки Хатлону Зарафшон низ ҳаст. Хусусан дар ин шабу рӯз, ки моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад, аксарият ҳангоми саҳархӯрак аз ин хӯроки сабуку лазиз нӯши ҷон менамоянд.
-Ба ғайр аз ширчой боз кадом хӯрокҳоро дар моҳи рамазон омода месозед?
-Азбаски дар ин моҳи шариф аз тановули хӯрокҳои вазнин эҳтимоли бемор шудани ҷисм зиёд аст, кӯшиш мекунам хӯрокҳои сабуку хӯришҳои болаззат омода намоям.
-Боз мегӯянд, ки бонувони ҳунарманд даст ба кори хона намезананд...
-Ин гапҳоро нафароне мегӯянд, ки аз зиндагии шахсии мо огаҳӣ надоранд.
-Ширинӣ ҳам пухта метавонед?
-Пухтани ҳар гуна шириниро ҳангоми дар мактаб хонданам омӯхта будам.
-Ширчойро дар ҳар оила ва ҳар минтақа ба таври гуногун омода менамоянд, шумо онро чӣ гуна мепазед?
-Барои омода намудани ширчой маҳсулоти зерин лозим аст:
Шаш коса об, чойи қоқи сиёҳ-ду қошуқ, мағзи чормағз -як коса, шири хом-2-коса, намак, мувофиқи табъ.
Тарзи таҳия:
Аввал обро бо чойи қоқ хуб меҷӯшонему баъд ба он чормағз ва 2 коса шир илова менамоем. Ширчойро 15 дақиқа ҷӯшонда, намак мепошем. Ширчой, ки пухт, онро ба косаҳо кашида, равғани зард меандозем. Иштиҳои том!