Модарам дар оилаи сарватманде ба дунё омадаву ба воя расидааст, бобоям корманди ҳизбӣ ва раиси ноҳия шуда кор кардаанд.
Дар оилаашон модарам фарзанди калонӣ буда, пас аз ӯ ду тағоям ҳастанд. Ниҳоят зани зебост, як қомати баланду зебояшон бас аст, ки дар дилхоҳ маърака ҳушу гӯши ҳама сӯйи он кас шавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки занони соҳибҷамол бебахт мешаванд, модари ман низ бо ҳамин ҳусну ҷамолу қобиливу кордонӣ дар синни бистсолагӣ бева монда, дигар шавҳар накардаанд. Модарам дар ҷавонӣ хостгорони зиёде доштаанд, вале бобоям ӯро ба писари рафиқи наздиктаринаш медиҳад. Падарам духтур будаасту дар як садамаи автомобилӣ ҳалок мешавад. Пайвандони ӯ модари ҳомиладорамро туву фарзанди батнат сархӯред гуфта, рӯзи марги падарам аз хона меронанд. Аз ин кори рафиқаш бобоям сахт хафа мешаваду баъди пушаймон шудану суроғи мо омадани хешони падариям низ намемонад онҳо ба хона дароянд. Модарамро ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил мекунанд, то хонаду соҳиби касбе шавад, аммо модарам дипломашро гирифта бошад ҳам, муаллима шуда кор накардааст. ӯ ба тиҷорат рӯ овард…
Ҳам падару ҳам модар
Бо гузашти солҳо бобоям аз олам гузаштанду тағоҳоям низ мард шудананд, акнун онҳо соҳиби зану фарзандон буданду ба худашон тинҷ. Модарам бо додаронашу модари пираш маслиҳат карда, дар пойтахт хона харид. Ману модарам ба Душанбе кӯч бастем. ӯ ин ҷо низ зуд роҳашро ёфту дар яке аз бозорҳои калонтарини пойтахт мағозаи тиллофурӯшӣ кушод. Оҳиста-оҳиста кори модарам ривоҷ гирифту мо хонаи сеҳуҷрагиямонро фурӯхта, дар маркази шаҳр панҷҳуҷрагӣ харидем, баъди чанд соли дигар дар Ромит бӯстонсаро низ харидем. Ман мактабро хатм карда, ба донишгоҳ дохил шудам. Модарам бисёр мехост ман иқтисодчӣ шавам ва ман низ кӯшиш мекардам. Зеро модарам тамоми талошҳояшро ба хотири ман мекард, ман аз ин меҳрубониҳои модарам ҳаргиз эрка намешудам ва тамоми корҳои хона дар гардани ман буд. Ба хотири модарам шаш моҳ курси маҳсгарӣ хондам, то ҳар бегоҳ аз кор хаста шуда ояд, ӯро маҳс кунам. Ману модарам зиндагии хубе доштем, мардони зиёде мехостанд модарамро ба занӣ гиранд, аммо ӯ намехост. Барои тозагардию порсогияш модарамро ҳама ҳурмату эҳтиром мекарданд. Бибиям зуд-зуд ба хонаи мо меомад ва баъзан модарамро насиҳат мекард, ки ба шавҳар барояд. Модарам бо шӯхӣ мегуфт:
-Очаҷон, ман хона дорам, мошин дорам, пул дорам, шӯ чӣ даркор, зан мегирам!
Модаркалонам даст афшонда мегуфт, ки “ақаллан як писар таваллуд мекардӣ. Пагоҳ духтаратро ба шавҳар дода, танҳо мемонӣ”, модарам ба ин насиҳати бибиям низ посухи худро дошт:
-Э очаҷон, пагоҳ Рамзия даҳ набераам ба дунё меорад, бас…
Бибиям ноилоҷ пичиррос мезад:
-Хайр, аз ман як гуфтан, худат медонӣ…
Шикасти паймон
Умри модарам ба чилу панҷ дакка мезад ва ман бовар надоштам, ки ӯ шавҳар мекунад ё марде пайдо мешавад, ки дилашро ёбад. Аммо модарам бо ҳамин қадар заҳмате, ки мекашид, боз зебову дилоро буд, аз сину солаш ҷавон метофт. Як рӯз аз дарс омада дидам, ки дар меҳмонхона модарам бо як мард нишаста, сӯҳбат дошт. Ман салом додаму ба хонаи худам гузаштам, бори аввал дар ҳаётам медидам, ки модарам ба хонаамон марди бегонаро орад. Баъди рафтани мард модарам гуфт:
-Ин мард муаллими донишгоҳ аст, дар зодрӯзи ҳамсараш як занҷираи тиллоӣ харида буд, пулашро се- чор бор дод.
Ман гуфтам: “Баъд чаро ӯро ба хона овардӣ?” Модарам гуфт, ки “мо бо Ҷасур дӯст шудем, одами хуб аст”. Акнун одами хуб зуд-зуд меҳмони мо мешуд. Аксаран ҳангоми набудани ман, ҳамин ки ман омадам, баромада мерафт. Аҷаб қиёфаи хунук дошт, рӯяш калони каме каҷ, гӯшҳояш дароз– дарози ба гӯшҳои “Шрек” монанд, дар ин рӯйи калон аз қошу миҷҷа осоре набуд, чашмони танги бемиҷгонаш бозингар, як китфаш пасту якеаш боло, дандонҳояш мисли мехчаи зангзада зард. Ҳамеша костюми сиёҳу куртаи сафед ва гарданбанд дошт, соати арзонбаҳои дасташро намоиш доданро дӯст медошт. Ман бо ӯ ғайри салому алейк дигар ягон ҳарф намезадам, аммо модарам гирди ӯ парвона мешуд ва як рӯз оқибат гуфт, ки “ману Ҷасур никоҳ кардем ва ман зани дуввуми ӯ шудам. Аммо ҳоло ба ҳеҷ кас намегӯем”, ҳарчанд Ҷасури рӯяш ба рафидаи кӯҳна монандро бад медидам, аммо бо аломати тасдиқ сар ҷунбондам. Охир, очаҳаки бечораам ба хушбахт шудан ҳақ дошт…
ДАВОМ ДОРАД...