Sebiston new 2024 october
Шералӣ Ҷӯраев аз дунё гузашт
1493

Шералӣ Ҷӯраев, Ҳунарманди халқии Узбекистон ва Тоҷикистон дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Kun.uz хабар додааст.

Санъати ӯзбек талафоти калон дода, шоми дирӯз яке аз поягузорон ва устодони санъати Узбекистон Шералӣ Ҷӯраев аз олам чашм пӯшид. Ин марди сар то по ҳунар ҳамчун ҳофизи булбуловоз, навозандаи чирадаст, шоир ва оҳангсози бомаҳорат натанҳо дар ватанаш, балки берун аз марзҳои Узбекистон низ кайҳо ном бароварда, садҳо ҳазор мухлису ҳаводор дошт...

Шералӣ Ҷӯраев 12-уми апрели соли 1947 дар Андиҷон ба дунё омада, дастпарвари донишкадаи театри бадеии ба номи Маннон Уйгури шаҳри Тошкент мебошад. Истеъдоди воло, овози махмалин ва сабки хоси сарояндагиаш ин ҳунарманди хушзавқро дар муддати кӯтоҳ машҳур намуда, азизи дили ҳазорон-ҳазор дилбохтагони суруду мусиқӣ гардонд.

Мурғи шӯҳрати ин марди ҳунар дар осмони санъат хеле баландпарвоз буд ва ҳанӯз замони шӯравӣ дар саросари кишвари абарқудрати ИҶШС ва мамолики Шарқ шӯҳрату маҳбубияти хоси худро дошт.

Шералӣ Ҷӯраевро дар Тоҷикистон низ хурду калон хуб мешинохтанд, эҳтиром мекарданд ва дӯст медоштанд. Таронаҳои дилчаспи ин ҳунарманди ӯзбек вирди забони мухлисони тоҷикистониаш буданд. Ҳамин буд, ки Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев соли 1987 бо унвони баланди Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон сазовор дониста шуд.

Ин ҳунарманди асил дар рушду нумӯъи санъати мусиқии ӯзбек нақши бузурге гузошта, ҳунару фарҳанги миллаташро ба оламиён муаррифӣ намудааст. Хизматҳои Шералӣ Ҷӯраев аз ҷониби ҳукумати кишвараш бо ҷоизаҳои зиёде қадрдонӣ гашта, соли 1991 лаурияти мукофоти давлатии ба номи Алишер Навоӣ ва соли 2018 бо ордени “Барои хизмати фидокорона” мукофотонида шудааст.

Аз Шералӣ Ҷӯраев зиёда аз 600 тарона мерос монд, ки беҳтарин дурдонаҳои санъати мусиқии ӯзбек ба шумор мераванд. Суруду оҳангҳои дилпазираш номи Шералӣ Ҷӯраевро дар дили ошиқони савту наво абадан зинда медоранд. Рӯҳаш шод ва манзили охираташ обод бод!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД