Formula novemver 2024
Шералӣ Мирзо гӯши кормандони комиссариатҳои ҳарбиро тофту...
737

 

Дар як ҷаласаи вазорати мудофиаи тоҷикистон, ки рӯзи 15 март бо иштироки комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гаштааст, масъалаи омодагиҳо ба мавсими баҳории даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ баррасӣ шуда, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо аз масъулон, махсусан кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ хостори пешгирӣ аз роҳҳои ғайри қонунии даъвати ҷавонон ба аксарӣ, алалхусус “Облава” шудааст.

Имсол низ мисли ҳамеша мавсими баҳории даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз ёфта, то 31 май давом мекунад. Исмол ҷавонмардони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

Тавре ки полковник Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар гузориши худ иттилоъ додааст, зимни таҳлилу натиҷагирӣ аз даъватҳои соли қаблӣ таъкид шудааст, ки ар радифи як қатор комёбиву пешравиҳои назаррас, ҳамоно фаъолияти баъзе аз комиссияҳои даъватӣ боиси нигаронист.

“Омӯзиши шахсияти даъватшавандагон ва ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват ба аскарӣ, ташкили ҷамъомаду машғулиятҳои нақшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дақиқан муайян кардани шумораи захираҳои сафарбарӣ ва пешгирӣ кардани ҳама гуна қонуншиканиҳо, ба хусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсиони дошта аз масъалаҳои муҳими ҷамъомад ба ҳисоб мерафт”-мегӯяд полковник Маҳмадализода.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД