Ишқи кӯдакӣ
Дар мактаб,ки мехонам Раҳим ном бачаҳаке ошиқи зорам буд. Субҳ гул меовард , қоқуи зард,на ранги хушрӯ дораду на бӯй, ман намегирифтам. Ба таври худ ноз мекардам, гӯё духтари раис бошам, аз осмони ҳафтум ба поён менигаристам. Падарам раиси қишлоқ набошад ҳам дар кӯҳ раиси ҳаммаи говҳои қишлоқ буд. Гул овардани писарак ба ман мефорид, вале модарам ҳар рӯз мегуфтанд,ки “духтар бе ноз намешаваду ош бе пиёз, камтарак ноз кун, нодида нашав.Аз ҳамон гулҳо дар кӯҳ пур, даркор бошад, падарат як даста меорад...
Ҳамин тавр ҳар субҳ писарак гул меварду тақдим мекард, ман бошам не гӯён ноз мекардам, вале дар таги дил мегуфтам ,нашавад,ки аз дасти ҳамин насиҳатҳоои модарам аз ин ҳам монам, охир ин панҷум ҷавон аст, ки ошиқи духари подабон мешавад, вале ҳамин ки маблағи қалингро фаҳмиданд, дарҳол “дубора меойем” гуфта мераванду бо ҳамин дигар рӯяшонро намебинем.
Бахти духтари подабон
Ошиқи духтари подабон шудани он ҷавонписар ба тамоми қишлоқ паҳн шуд. Ниҳояти кор омаданд хостгорӣ ва аз тарафи мо розигӣ дода шуду тӯй оғоз гашт. Падари домод шахси саховатмант будааст, ҳафт шабона рӯз тӯй мекунам гуфта, волидони маро дилпур кард, ки духтарашон як умр шҳона зиндагӣ хоҳад кард. Ман дар дил шодиву хурсандӣ мекардам, ки Худованд чунин бахти бузургро ба ман барин духтари камбағал насиб гардонидааст, модарам ҳам чунон хурсанд буд, ки аз шодӣ бе болу пар гӯё парвоз мекард, вале...
Тӯйи домоди гумшуда
Ҳамин тавр бе ягон мушкилӣ ҳама маъракаҳоро гузарондем. Рӯзи дигар шаҳбача бояд саҳар бо карнаю сурнай барои бурдани ман меомад, вале ақрабаки соат ба панҷ расиду аз домод ҳанӯз на хат буд, на хабар. Падару модараш хуни дил мехӯрданд, хешу табори домод бошанд, байни худашн пичирпичир мекарданд, ки шаҳбача якбора гум шудааст вакасе намедонад ӯ дар куҷост. Яке мегуфт, ки домод ба сартарошхона рафта, дигар бар нагаштааст, дигарӣ мегуфт, ки дирӯз шиму кастюм хариданӣ рафта бедарак шудааст, саввумӣ боз ягон тахмини дигар мекард. Оби дидагони мани арӯсак рӯямро мешусту хушдоманшавандаам “мо туро бар ивази 700 сомонӣ ороиш кардем, гиря накун, ки безеб мешавад” гӯён, ҳар замон уф мекашид, падари домод бошад, бо сари хам “қудо парво накунед, агар имрӯз наояд, пагоҳ ҳамин ки домод омад, тӯйро мегузаронем” гӯён, падару модари маро дилбардорӣ мекард, вале аз чеҳраи ғамбораш маълум буд, ки дили худаш ҳам хун мегиряд.
Рӯзи дигар домоди гумшуда пайдо шуд ва маро бо карнаю сурнай ба хонаи бахтам гусел намуданд. Баъди тӯй маълум шуд,ки саломатии шаҳбача он қадар хуб набуда, соданамо ва руҳан бемор аст, зеро вақте пурсидамаш, ки дирӯз куҷо гум шудӣ, дар ҷавоб хандида гуфт, ки кӯҳ бароят гулчинӣ рафта будаму хобам бурдааст, саҳар бедор шудам ва ба сӯйи хона давидам, ки дер накунам. Мабодо дер-ку накардам. Ҷонам ба лабам расида бшад ҳам, базӯр худамро дошта гуфтам, не, сари вақт омадӣ ҷонам, фақат як рӯз дер шуд,ҳеҷ гап нест.
Маҷнуни ошиқи гулҳои кӯҳӣ
Ҳамин тавр зиндагии ман бо ошиқи девонаавзоъам сар шуд. Домод ҳар рӯз гулчинӣ мерафту дар дашту пушта хобаш бурда, рӯзи дигар меомад. Дар хона бошад ҳам, вай моро ҳеҷ орому осуда зистан намемонд, зеро як рӯз ӯро дар рӯйи бом хобида меёфтему рӯзи дигар ба даруни шикафи ҳамсоя дармада хобаш бурда мемонд. .Гоҳе мешуд, ки якбора ду-се рӯз ғайр мезад ва баъд ӯро аз ягон анбор дар ҳоли хоб пайдо мекардем.
Давом дорад