Formula novemver 2024
Шавҳари дуюм ба ятимаконам падар мешавад ё дарди сар?
05.09.2022
ОИЛА
1912


Заррина ном дорам. Ду сол мешавад, ки шавҳарам вафот кардааст. Алҳол бо ду кӯдак дар хонаи хусуру хушдоман зиндагӣ дорам. Пиру кампир маро мисли фарзанди худашон дӯст медоранд ва хотири набераҳояшон тамоми хостаҳоямро муҳайё намуда, намегузоранд, ки хонаашонро тарк созам.

Модарам «ту ҳоло ҷавонӣ, ғуломи хонаи онҳо нашав» гӯён, ҳамеша ҷанҷол мебардорад. Волидонам дубора оиладор шудани маро мехоҳанд, вале ман дигар шавҳар карданӣ нестам. Оилаи шавҳарамро дӯст медорам, боварӣ дорам, ки пайвандони шавҳари ҷавонмаргам ва ду фарзандам фардо асои дами пириам мешаванд. Модарам инро фаҳмидан намехоҳанд, ҳар рӯз «умрат беҳуда мегузарад, духтар, тезтар ба хонаи худамон баргашта шавҳар кун» гуфтанаш ҷонамро ба лабам расонидааст. Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД