Sebiston new 2024 october
Шавҳари беҳтарин кист?
01.12.2024
ОИЛА.ТҶ
846

Салом. Ман ду суол дорам. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксари воизон танҳо дар бораи вазифаҳои зани мусалмон дар назди шавҳар сухан меронанд. Магар дар бораи ҳуқуқҳои зан дар китобҳои осмонӣ чизе гуфта нашудааст? Дуюм, мардон чӣ кор кунанд, ки барои ҳамсаронашон шарики хуби зиндагӣ ва нигаҳдорандаи ҳуқуқу номуси зан бошанд?

МУТРИБА, ш. Кӯлоб

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Мақоми зан дар ислом баланд аст ва ҳатто Худованд сураеро бо номи «Нисо» барои занон нозил намудааст. Зан бунёд ва пойдевори зиндагист, зеро мардони бузург дар домани ҳамин бонувони покдоман парвариш ёфтаанду меёбанд. Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар як шеъраш ба занони мусулмон хитоб карда мегӯяд:

Эй ридоят пардаи номуси мо,

Тоби ту сармояи фонуси мо.

Тинати поки ту моро раҳмат аст.

Қуввати дину асоси миллат аст.

Кӯдаки мо чун лаб аз шири ту шуст,

«Ло илаҳ» омӯхтӣ ӯро нахуст…

«Беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо аҳлашон равияи некӯтар доранд ва ман беҳтарини шумо барои аҳлам ҳастам»,- хитоб намудааст паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ба мардони мусалмон. Паёмбар (с) худашон намунаи олии шавҳари некӯ буданд, чунки нисбати зан раҳмдилона муомила менамуданд ва эҳтиёҷоти бонувонашонро ҳамеша ба назар мегирифтанд. Ҳаргиз барои задани барда (хидматгор, банда, ғулом) ё зане даст набардошта ва аз даҳонаш лафзе, ки зани мусалмонеро озор диҳад, набаромадааст. Гуфтори зиштро куфр медонистанд ва ҳамеша дар хизмати аҳли оилаи худ буданд он ҳазрат. Танҳо вақте ки бонги азонро мешуниданд, сӯи намозгоҳ мешитофтанд. Ҳаргиз дар ҳаққи касе ҷабру зулм накарда ва ҳуқуқи ҳамсарони хешро ба пуррагӣ адо намуда, адлро ҷорӣ карда буданд ҳазрати Муҳаммад ва аз мардони мусалмон низ чунин муносибати накӯро бо зан талаб кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД