Arzon march 2024
Шавҳари аз худам хурд карда дар бало мондам
15.08.2022
ОИЛА
2696


Ман аз шавҳарам панҷ сол калон бошам ҳам, зӯран ба гарданаш бор нашудаам. Исмат ба қавли худаш маро сахт дӯст дошта, ба фарқияти синну сол нигоҳ накарда, ба хонаамон хостгор фиристод.

Пеш аз тӯй чанд маротиба аз назди Исмат гузаштам, ки ман аз ту панҷ сол калон ҳастам, боз модарат ту аз писари ман калон будаӣ гуфта, таъна назанад, вале вай қасам болои қасам мехӯрд, ки пайвандонаш ба зиндагии мо дахолат нахоҳанд кард.

 

Ба қавлу қасамаш розӣ шуда, бо умеду орзуҳои ширин қадам ба остонаи хонаашон гузоштам, вале аз рӯзи аввал тарбуз аз бағалам афтид. Тахминам рост баромад, хушдоманам маро худаш келин карда бошад ҳам, ҳеҷ ба ман рӯйи хуш надод, ки надод.

Аз рӯзи нахустини зиндагиам дар ин оила ин кампир пӯстинашро чаппа пӯшида, мудом аз таги нохун чирк кофта мегардад. Дар ҳама гапу корам ягон камбудӣ ёфта, шавҳарамро маҷбур мекунад, ки ҷавоби маро дода, мисли саг аз дарашон берун кунад. Аз оне, ки ба ҷавони аз худам хурд ба шавҳар баромадам, сад бор пушаймон ҳастам, вале дигар оби рехтаро бардошта намешавад, чунки мо аллакай соҳиби як фарзанд ҳастему ман боз ҳомиладорам. Чанд маротиба бо балвои модараш шавҳарам ба сарам мушт бардошта, маро заду қаҳр карда ба хонаи модарам рафтам. Ният доштам, ки ҷудо шуда, нафаси осуда мекашам, вале шавҳарам боз аз пасам кашола шуда зориву таваллокунон маро баргардонд. Ба овардан меораду баъди чанд рӯз боз ба гапи модараш даромада, лагадкӯбам мекунад. Ҷонам ба лабам расидааст, дигар тобу тоқати чунин зиндагии сагонаро надорам.

Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
М, сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД