arzon replenishment
Шавҳаратро, ба ман деҳ!
3174

 Ятимдухтар, ки будам, тағоҳоям маро дар синни 17 солагӣ ба шавҳар доданд. Домодро рӯзи тӯй дар таги чодар дида бошам ҳам, дарҳол бо ӯ унс гирифтам. Духтари содаи дар умрам ягон мардро надида будам, шавҳарам бо меҳрубонию навозиш зуд диламро ёфта, бароям бисёр азиз гашт.

Аз хати кашидааш берун намебаромадам, ба қавле мур гӯяд мемурдаму зиҳ гӯяд, зиндагӣ мекардам. Аз зиндагиамон 8 сол гузашту соҳиби ду фарзанди нозанин гаштем. Шавҳарамро ба вазифаи баланд таъйин карда ба шаҳр фиристоданд. Ман ҳамчун зани вафодор ҳамроҳи шавҳари мансабдорам ба пойтахт омадам. Дидадаро, ки будам, забон ёфтан бо ҳамсояҳои нав бароям душворӣ накард. Ман ба хонаи онҳо хӯроку ширинӣ мебурдаму ҳамсояҳоямон ба хонаи мо даробаро мекарданд. Аҳлона зиндагӣ мекардем, то он рӯзе, ки як ҳамсояамон хонаашро фурӯхта ба ҷойи дигар кӯчид. Ҳамсояи навамон ҷавонзани таннози бе шавҳаре будааст. Аз рӯзи аввали ба бинои мо кӯчиданаш ба шавҳари ман чашм ало карданашро баръало ҳис кардам, чунки ин ҳамсоязан бо ҳар баҳона аз мардаки ман кӯмак мепурсид. Рӯзи дароз аз дарам намедаромад, вале ҳамин ки шавҳарам аз кор баргашт, балои аз осмон фаромадагӣ барин ҳозир шуда “ҳамсояҷон, крани оби мо вайрон шудааст, як намебинед” ё “лампочкаамон сӯхтааст, илтимос, ҳамонро иваз карда диҳед” гӯён, мардакамро ба хонааш мебурд. Рафтори ҳамсоязан маро асабонӣ мекард, вале хотири ҳамсоягӣ чизе намегуфтам. Рӯзе як ҳамсояи калонсоламон маро коҳиш карда гуфт: “Ҳой духтар, ҳамин хел ба лабат кулӯх молида гардӣ, дер ё зуд ин Нисои танноз шӯятро кашида мегирад, бо ду кӯдак дар кӯча мемонӣ!” Ба дилам алав афтид, қарор додам, ки минбаъд ба рафтани шавҳарам ба хонаи ҳамсоя иҷозат намедиҳам. Ҳамон бегоҳ нав мардакам аз кор баргашта буд, ки боз ҳамсояи хира пайдо шуда аз ӯ мадад пурсид. “Шавҳари ман устои барқ нест”,- гуфта ба рафтанаш монеъ шудам. Нисо “ман намедонистам, ки шумо ҳам занкалонед” гӯён, баромада рафт. Шавҳарам сари номус омада барои исбот кардани он ки марди занкалон нест, аз паси ҳамсоязан ба хонааш рафт.


Зан барои очам ё қиссаи тӯйи бе домоду арӯси сарсон


Баъди баргаштанаш қиёматро қоим кардам, чизе, ки аз даҳонам баромад, гуфтам. Шавҳарам дар умраш бори аввал ба сари ман даст бардошта ду-се шаппотӣ зад. Духтарчаамро гирифта аз хона рафтанӣ шудам. Писарчаам “очаҷон, маро партофта нарав” гӯён ба зорӣ даромад, хостам ӯро низ ҳамроҳам барам, вале падараш дасти писаракамро сар намедод. Ночор фарзанди калониамро мондаму хурдиро гирифта бо дили реш-реш гирёну нолон қаҳр карда ба хонаи тағоям рафтам. Зиндагӣ дар хонаи тағо бароям дӯзах гашт, янгаам ба ман рӯйи хуш надода бо ҳар баҳона неш мезад. Рӯзам сиёҳ бошад ҳам, ба хонаи шавҳарам бар гаштанро ба худ эб намедидам. Тақрибан як моҳ пас рӯзе сарам чарх заду пеши чашмонамро якбора пардаи сиёҳ пӯшонд. Аз ҳуш рафта афтидаам. Чашмонамро кушода худро дар беморхона дидам. Зани хилъати сафедпӯше дар барам нишаста буд. Ба худ омадани маро дида духтурзан табассум намуд ва шодиёна гирифта гуфт: “Муборак шавад, шумо ҳомиладор шудаед, боз модар мешавед.” Маро ба хона ҷавоб доданд. Тағоям ба шавҳарам занг зада хабари ҳомиладориамро расонд, баъд маро наздаш хонда насиҳаткунон гуфт: “Духтарам, ҳар кӯдак барои падару модари худаш азиз аст, барои ҳамин ба хонаат баргардӣ беҳтар мешавад. Бо се фарзанд ту на дар хонаи ман меғунҷию на дар ягон ҷойи дигар...”
Шаби дароз фикр карда, субҳ ба писарам занг задам. Гиря карда “шуморо ёд кардам” гуфт. Дилам барои писаракам обу адо шуд, худи ҳамон замон либосҳоямро ҷамъ карда ба хонаам рафтам. Шавҳарам хурсанд шуда маро ба оғӯш гирифт. Аз байн ним соат нагузашта боз ҳамон Нисо пайдо шуд. Бо як азоб худро ба даст гирифта ӯро ба хона таклиф кардам. Ҳамсоязан бо табассум ба меҳмонхона даромада гуфт:
-Ҳамсоя, росташро гӯям, шавҳари ту ба ман бисёр маъқул буд. Мехостам бо кадом роҳе набошад, дилашро ёфта ӯро аз худ кунам, вале ҳарчанд кардам, нашуд. Дирӯз ҳам зориву тавалло кардам, ки талоқи туро дода маро ба занӣ бигирад, вале мардакат “ҳамсоя, беҳтараш ин фикри хомро аз саратон дур кунед, чунки ман зану фарзандонамро дӯст медорам” гуфта розӣ нашуд. Ман дар умрам чунин марди вафодорро бори аввал дидам. Ту зани хушбахт будаӣ, ки чунин мард насибат гаштааст...
Ҳамин тавр оилаи қариб вайроншудаи мо дубора мустаҳкам гашт. Ман ба ҳама ҷавонзанҳо маслиҳат медиҳам, ки ҳушёру зирак бошанд ва нагузоранд, ки ҳамсояҳои шавҳардузд ба бахташон чашм ало карда, зиндагиашонро талх гардонанд....
М, сокини шаҳри Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД