Зиндагӣгардишҳое дорад, ки одамро моту мабҳут мекунад. Мехоҳам саргузашти аҷоиби хешро барои шумо- хонандагони азизи ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила» нақл намоям. Шояд он ибратбахшу тарбиявӣнабошад, аммо аҷиб аст, хеле аҷиб…
Коркушта
Ман дар оилаи марди сарватманде ба дунё омадаам, вале падарам барвақт оламро тарк гуфту бори зиндагӣбар дӯши модарам афтод. Ман духтари калонии оила будаму медидам, ки модарам барои зиндагии шоистаи мо чӣгуна заҳмат мекашад. Модарам коргоҳи дӯзандагие дошту шабу рӯз заҳмат мекашид, баъзан то нимаҳои шаб дар коргоҳ миёнаш хам менишасту медухт, кори мардумро буд мекард, то мо зиндагии хуб дошта бошем. Ман ҳам ба модарам ёрӣмедодам. Ману хоҳарам ҳар ду дӯзандаҳои хуб шуда будем дар айни хурдсолӣ, ман донишгоҳро ба ҳайси омӯзгори забони хориҷӣба итмом расонидам. Хоҳарам колеҷҷи тиббӣ, додаронам донишгоҳро дар риштаи иқтисод хатм намуданд. Аз хурдӣба қавли модарам коркушта ба воя расида будам, ягон соат бекор нишаста наметавонистам. Маро ба як ҷавони ҳамдеҳаамон, ки баъди хатми донишгоҳ дар Душанбе монд, ба шавҳар доданд ва ман муқими шаҳр шудам. Хоҳару додаронам низ пайи ҳам оила барпо карданду зиндагии ободу осоишта доштанд, аммо модарам ба нею нестони мо нигоҳ накарда, корашро идома медод,зани додари хӯрдиям дасти рости ӯ буд.
Зиндагӣдар шаҳр
Беҳуда нагуфтаанд, ки «Модар чӣгуна- духтар намуна», ман низ дар шаҳр фаъолиятамро дар як гимназияи хусусӣсар кардаму ба зудӣ ҳамчун муаллимаи хуб шинохта шудам. Дар вақтҳои холигӣкурта медӯхтам, аслан аз ҳамкоронамро, чун дарзам хуб буд, дар як муддати кӯтоҳ мизоҷи зиёде ёфтам. Ҳамсарам дар як идораи бонуфуз кор мекард, вале маошаш он қадар баланд набуд. Бори зиндагиро баробари ӯ кашида, боз сарфа ҳам мекардам. Соҳиби писараки нозанине шудему хонашин шудам, вале дар хона бе кор наменишастам. Дар хона ҳам дарси иловагӣмедодаму ҳам курта медӯхтам, оҳиста-оҳиста хонаи якҳуҷрагиямонро ба сеҳуҷрагӣиваз намудем. Дар яксолагии писарам духтарчаи нозанине таваллуд намудам, фарзандонам мисли дугоник буданд, аммо ин ҳама пеши меҳнати маро гирифта наметавонист. Оҳиста-оҳиста фарзандонам мактабхон шуданду ман низ аз сари нав ба кор баргаштам. Шавҳарам низ дар зинаҳои мансаб болотар рафт, акнун мо хонаи панҷҳуҷрагии барҳаво, мошин ва зиндагии шоистае доштем. Волидонамон аз мо розӣ буданд, зеро дастамон ба онҳо мерасиду ҳурмату эҳтиромашонро ба ҷо меовардем. Ман шабу рӯз баробари ҳамсарам меҳнат мекардам, то фарзандонам дар мактабҳои беҳтарин хонда, маълумоти хуб гиранд. Дар баробари ин, онҳоро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣба воя мерасонидам…
Хоҳишҳои булаҷаб
Духтару писарам мактабу донишгоҳро хатм намуданд, аввал духтарамро ба шавҳар додему пасон барои писарам келин фаровардем. Писарам Донишгоҳи тиббиро хатм намуда буду як ҳамсабақаш барои вай дар Русия ҷойи кор ёфт. Вай ҳамсарашро гирифта, ба он ҷо рафт. Дар хона ману ҳамсарам танҳо мондем, ҳамсари духтарам корманди як сохтори низомӣбуду бо тақозои касбаш ҳамеша аз ин ноҳия ба он ноҳия мерафт. Ман чилу ду сол дошта бошам ҳам, хеле ҷавон менамоям, ба рӯю мӯям зиёд аҳамият медиҳаму ҳамеша дар бораи қадду қомату намуди зоҳириям аз шиносу бегона таъриф мешунавам. Худтаърифкунӣ айб аст, аммо хеле ҷавонзани зебову дилороям. Аз косметика истифода мебарам, аммо хеле кам. Шавҳарам вақтҳои охир ҳамеша аз ман норозӣбуда мегуфт, ки рафта сӯзандоруҳои зебоӣзан, мижжа часпон, лабонатро ғафс кун фалону бисмадон…
Охир, ман ба ин эҳтиёҷ надорам, зеро Худованд лутфу малоҳатро бароям арзонӣдошта, ба чизи ориятӣзарурат ҳам нест. Маънои хоҳишҳои булаҷаби шавҳарамро баъд фаҳмидам….
Вохӯрии тасодуфӣ
Ман куҷое равам, аз шавҳарам иҷозат мепурсидам, он рӯзи наҳс аз банкомат маошамро гирифтаму ба шавҳарам чанд бор занг задам, телефонаш банд буд. Мехостам ба маркази савдо дарояму пурсиданӣбудам, ки ягон чӣдаркор аст? Шавҳарам ҳеҷ гоҳ барои хона чизе намехариданд, ҳама бори зиндагӣба гардани ман буд. Ман ба маркази савдо даромадаму дидам, ки шавҳарам бо як зани қоматбаланде сари харидани чизе маслиҳат доранд. Ман қадаме пеш намонда, онҳоро назорат кардам, абрӯвони татуаж, мижжаҳои сунъӣ, лабони ғафсу безеб, мӯйи сари сип-сиёҳу рӯйи аз зарби малҳам ба рӯйи мурдаи шабмонда монанди зан хеле ғашовар буд. Ин «бонуи силиконӣ», ки аз ман калон менамуд, бо ҳамсари ман чунон озод гап мезад, ки гӯё шавҳари ҳалолаш бошад. Дасти ӯро доштану бо навозиш ба рӯяш нигоҳ кардани шавҳарамро, ки дар умраш ба ман як ҳарфи хуб нагуфтааст, дида, дилам дард кард, то дасти ҳамдигарро доштану ба мошин нишастанашон назора кардам. Шавҳарам ягон бор маро дар мошин дар паҳлӯяш нашинондааст, аммо ба мошине, ки ними рости пулашро ман додаам, бо сад таккалуф шинондани лӯхтаки равғанини силиконияшро дида, як аламам сад алам шуду чизе нахарида, ба хона баргаштам… Барои исбот дар телефонам якчанд сурат ҳам гирифтам. Ба хона даромада, мисли ҳарвақта ба пухтани таоми бомазза камар набастаму омадани шавҳарамро мунтазир шудам…
Ғарию пешхезӣ
Шавҳарам чун ҳарвақта дер омаду табъи гирифтаи маро дида пурсид:
-Ҳа, тинҷӣ?
Ман худамро дошта натавонистаму исён бардоштам ва ӯ ба ҷойи узр маро мутаҳҳам кард, ки ту ба худат нигоҳ намекунию аз замона қафо мондаӣ! Чизе нагуфтаму калиди хонаи писарамро гирифта, ба хонаи ӯ рафтам. Пеш аз тӯяш барои писарам дар маркази шаҳр хонаи дуҳу рагие харида будему он ба номи ман буд. Шавҳарам маро дигар суроғ накард, як сол ба ҳамин минвол гузашт. Писару духтарам низ аз ин кори падарашон огаҳ шуда, аз вай рӯй гардонданд. Шавҳарам бо ҳамон бону, ки сарвари як «Кошонаи ҳусн» будааст, хонадор шуд. Ростӣ, ман он қадар ғам ҳам нахӯрдам, зеро шавҳарам ғайри паст задани ману таҳқиру таҳвин дигар коре надошт. Як ҳарфи меҳрубонӣ аз вай намешунидам, акнун худам орому осуда зиндагӣкарда мегаштам. Писарам ҳар моҳ пулам мефиристоду духтарам низ аз аҳволам хабардор мешуд, вале пас як сол шавҳарам баргашту пеши поям сар монд…
Инак, ӯ шабу рӯз занг зада, аз ман хоҳиш мекунад, ки ӯро бубахшам. Акнун ӯ фикрашро дигар карда мегӯяд, ки зани гирифтааш дасту рӯяшро шӯяд, аз афташ метарсӣ. Тамоми аъзои баданаш сунъӣ, ту нозанини ман, боақлам, ман хато кардам. Аммо ман нисбати ин марди бароям тамоман бегонашуда ягон меҳр надораму ӯро бахшиданӣ ҳам нестам, писару духтарам ихтиёрро ба дасти худам монданд. Ростӣ, намедонам чӣкор кунам.
Гулдаста