Сафҳаи нави зиндагӣ
Баъди панҷ соли ҷудоӣ аз Зафар аз нав оиладор шудам. Марди бефарзанде, ки аз пушти фарзанддор нашудан се зан таркаш карда буданд, хоҳиши падар буданро барои се фарзандам ба миён гузошту ман ҳам розигиамро додам.
Зеро гирумонҳои ҳаётро дар танҳоӣ бароям паси сар кардан рӯз ба рӯз гаронӣ мекард. Шавҳари навам марди хоксору оддӣ ва меҳрубоне баромад.
Ӯ сари се фарзандамро падарвор сила карда, мисли падари ҳақиқӣ онҳоро дӯст медошт. Гулчеҳраву Анӯшервон ҳам ба вай меҳр мондаву “дада”-номаш мебурдагӣ шуданд. Вале Хуршед...
Писари калонам аз рӯзҳои аввал шавҳарамро чашми дидан накард. “Ин падари мо нест”-гуфта, ҳамеша эътироз мекарду инҷиқу гапногӯшнав шуда буд.
Чанд маротиба гурехта, ба шаҳр-назди падараш мерафту аз он ҷо омада, ба хоҳару додараш савғоҳои падараш фиристодаро дода, онҳоро ҳам бар зидди падарандар мешӯронд...
Вале билохира, ӯ ҳам бо падари нав созиш кард.
Бо шавҳари дуюмам ҳам зиёд зиндагӣ накардам. Пас аз 25 соли ҳаёти якҷояамон ӯ моро тарк кард. Вале ҳамеша аз ӯ миннатдорам. Зеро фарзандони маро ба воя расонид, хононд ва соҳиби ҷойи кор кард.
Афсӯс, ки бемории саратон ба ӯ амон надод. Ҳоло духтарам бо шавҳараш дар Русия ва писари хурдиам Анӯшервон бо ҳамсараш дар Аврупо зиндагӣ мекунанд...
Тасмими ғайриинтизор
Хабари ба садама дучор шудани падарашро бо аҳли оилааш ва фавти зану фарзанди вайро дар ин садама фаҳмида, Хуршед ӯро ба хона овард.
Аз гиря чашмони писаракам варам карда, хобу хӯрашро гум карда буд. Ӯ ҳар рӯз ба шаҳр – ба беморхона ба аёдати падар мерафту чанд маротиба зану фарзандонашро ҳам бо худ ба назди падарашон бурд.
Зафар дигар мазлуму барҷоймонда гашта буд. Дар натиҷаи садама ӯ аз ду пой маҳрум гашта, ба нигоҳубини доимӣ эҳтиёҷ дошт. Хуршед бо ихтиёри худ ин вазифаро ба дӯш гирифт.
“Падарам ғайри ман касе надорад”-мегуфту гирён мешуд. Ва баъди ин ҳафтаҳо дар хонаи падар монда, ба хона намеомад. Келинам аз ин нороҳат буд. Фарзандонаш ҳам зиёд азият кашиданд. Инро сабр карда натавониста, ба як хулоса омадам. Рӯзе ба Хуршед гуфтам:
-Ту бо падарат зиёд машғул шуда, зану фарзандатро фаромӯш кардӣ. Ин кори ту дуруст нест.
-Дигар илоҷ надорам, модар.
-Ман фикр карда, ба хулоса омадам, падаратро ба ҳамин ҳавлӣ биёр. Ҳамсарат хӯрок мепазад, худат нигоҳубин мекунӣ. Бо набераҳояш машғул мешавад....
Хуршед аз шодӣ чӣ гуфтанашро намедонист. Аз ҷояш парида хеста, бо ашки шашқатор маро бӯсаборон кард. Шодикаф шуда, дар наздам зону зад ва пойҳоямро бӯсид....
Хулоса, Зафарро рӯйи аробачаи маъюбӣ ба хона овард. Дар ошёнаи якум як хонача доштем, ки ошхонаи тобистона буд. Онро муҷаҳҳаз карда, падарашро дар он ҷой кард. Зафар баробари дидани ман мегирист. Забон ки надошт, арзи дил карда наметавонист. Калла меҷунбонид. Маълум буд, ки ташаккур мегуфт.
Вале медидам, ки фарзандам азоб мекашид. Барои ӯ нигоҳубини падараш душвор буд. Ҳар хел мазҳо ба ӯ молидан лозим буд, ӯро масҳ кардан зарур буд ва ғайра...
Келин ба Зафар номаҳрам буд. Ман ба писарам ёрдам медодам.
Никоҳи дуюмбора
Рӯзе бародарам ба ҳавлии мо омад. Маро дар ҳолати маҳс кардани гардану китфҳои шавҳари собиқам Зафар дида, ҳуш аз сараш парид. “Ин палид ба ту номаҳрам аст, даст расонидани ту ба ӯ мумкин нест”-гуфта, шӯру қиём бардошт. Вале ман медидам, ки агар ман ба Зафар нигоҳубин накунам, касе наметавонад. Синну соли ман ҳам ба ҷое расидааст.
Савоб ба ман ҳам лозим. Бинобар ин, аз бародарам хоҳиш кардам, ки моро никоҳ кунад. Ҳуш аз сари бародарам парид. Вале пойфишории маро дида, розӣ шуд. Бегоҳ мулло омад ва ману шавҳари собиқамро никоҳ кард.
Инак, ман шавҳари аввалаамро нигоҳубин мекунам. Ӯ каме беҳтар шудааст, вале ҳарф зада наметавонад. Рӯйи ҳавлӣ бо асо мегардад ва набераҳо ӯро ҳалқа мекунанд.
Ман чунин тасмимро дар зиндагӣ гирифтам. Намедонам, вале ба фикрам кори дуруст кардам. Худованд худаш ҳакам аст...