arzon replenishment
Шавҳарамро дар оғӯши зани бегона дидаму... (қисми 2)
25.02.2022
Оила
5963

Як рӯз ба ҷону ҳолам намонда, модаршӯям маро ба ҷустуҷӯйи шавҳарам равон кард. Рафтам, оре, рафтаму аз рафтанам сад бор пушаймон гаштам, чунки падари фарзандонамро бо чашми худ дар оғӯши як зани дигар дидам. Зино бузургтарин гуноҳ аст, аз ҳамин хотир, дигар бо марди зинокор ба як болин сар мондан нахоста, талаб кардам, ки ба хубӣ талоқи маро диҳад, чунки зиндагии мо аз ин пас дигар ягон маънӣ надорад.
Ғарию пештозӣ гуфтагӣ барин, шавҳарам маро зада-зада ба хона овард ва дар хона низ мурданивор лату кӯб карда, дар як ҳуҷра маҳкам карду додарашро посбон гузошт, то ки аз хона баромада нагурезам, вале...
Фирор аз зиндони шавҳар
Бо сару рӯйи сиёҳу кабуд зор-зор гиря карда, Худоро зорӣ мекардам, ки маро аз ин зиндони ғам наҷот бахшад. Худованд оҳи дили зорамро шунид ва додаршӯям қулф кардани дарро фаромӯш карда, барои қазои ҳоҷат рафт. Фурсатро муносиб дониста мани дилсӯхта ҳартду кӯдакамро ба оғӯш гирифт,а худро ба мисли бод сӯйи дарвоза задам. Чолокона ба сари роҳи калон баромада, дудаста мошини аввалини пайдошударо манъ кардам. Ронандаи бечора аз тарси он ки зери мошин намонам, тормозро пахш кард. Ин лаҳза додаршӯям аз дарвоза берун шуда, ҷониби ман давид, вале осемасар кӯдаконамро ба мошин савор карда, худам низ ҷонҳавл нишастам ва зориву тавалло карда гуфтам: “Акаҷон, ба хотири ризои Худованд маро аз инҷо зудтар бар, ки агар ба чанги шавҳарам афтам, вай маро зинда намемонад...”
Дили ронанда ба ҳоли зори ман ва ду кӯдаки хурдсолам сӯхту дигар чизе напурсида, газро пахш кард.
Ифшои роз
Медонистам, ки агар ба хонаи падару модарам равам, яқин ”духтарам, тоқат кун, зиндагӣ ҳамин аст, фикри бачаҳоятро кун, охир ҳеҷ кас ба ду фарзанди ту падар намешавад” гуфта, маро зӯран дубора ба хонаи шавҳарам мебаранд, аз ҳамин хотир, рост ба хонаи апаам рафтам ва буду шуди ҳодисаро нақл карда, зор-зор гирякунон гуфтам, ки ман бо чашмони худам чӣ тавр бо зани дигар зино кардани шавҳарамро дидам ва як умр бе шавҳар монам ҳам, дигар бо ин мард зиндагӣ кардан намехоҳам. Апаам холаи шавҳарамро ҷеғ зад ва ӯро аз ин ҳодиса хабардор намуд. Ҳамин тавр ин роз фош гашт ва падару модарам низ аз ҳодисаи ба сари ман омада хабардор гаштанд. Волидонам дар оғоз кӯшиш карданд, ки оилаи моро аз вайронӣ наҷот диҳанд, вале қасам хӯрдам, ки агар маро ба зӯрӣ ба хонаи хушдоманам баранд, худамро оташмезанам ё ба дор меовезам. Пайвандонам дарк карданд, ки корд ба устухонам расидааст ва агар маро зӯран ба хонаи шавҳарам баргардонанд, даст ба худкушӣ заданам имкон дорад, аз ҳамин хотир, ба тақдир тан дода, дигар барои идома додани зиндагӣ бо ин мард маҷбурам накарданд. Ҳамин тавр соли 2009 мо аз ҳам ҷудо шудем.
Сад мушкил дорам, вале....
Албатта ба танҳоӣ ба воя расонидани ду фарзанд барои зан корисаҳлу осон нест. Дар бадали 13 соли бе шавҳарӣ он қадар ранҷу азобҳои зиёде кашидам, ки аз шуниданаш дили санги хоро низ ба дард меояд. Барои пеш бурдани зиндагӣ ва ёфтани ризқу рӯзии бачаҳоям аз ягон кори вазнин рӯ нагардонда, дар гармову сармо меҳнат мекардам ва ҳамаи ин ба саломатии бе ин ҳам нохубам бе таъсир намонда, ба чандин беморӣ ва дарду иллат гирифтор гаштам. Хона надорам ва то ба ҳол дар ба дари иҷорахонаҳо мегардам, вале аз ҷудо шуданам ягон зарра пушаймон нестам. Марде, ки ба қадри зиндагии поку ҳалол нарасида, зинокорию бевабозӣ крада мегардад, садқаи зану фарзанд шавад. Бевагӣ аз зиндагӣ бо чунин марди зинокор сад бор беҳтар аст.
Дар охир аз хонандагони ҳафтанома хоҳиш мекунам, ки агар имкон дошта бошанд, барои ман ягон кори сабук аз қабили савдогарӣ пайдо намоянд, зеро бо сабаби маризӣ дигар аз ӯҳдаи корҳои вазнин бармада наметавонам. Айни замон зиндагии моро духтари 15-солаам, ки дар як корхонаи қаннодӣ кор мекунад, пеш бурда истодааст, вале боварии комил дорам, ки Худованди меҳрубон маро бо ду фарзанди зиндаятимам дар мушкилиҳо танҳо намемонад ва ҳатман шахсони хайрхоҳе пайдо мешаванд, ки дасти мо барин афтодагонро мегиранд.

Р/С
Шахсоне,ки барои Фарида ягон кори муносиб ёфта метавонанд ё ба ин зан кӯмак расониданиянд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд: 904-888-100

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД