Formula novemver 2024
ШАВҲАРАМ ШАБҲО БА КУҶО МЕРАФТА БОШАД?
16.12.2020
ОИЛА
6486

 

Номам Сарвиноз, зодаи шаҳри Кӯлоб мебошам. Бо амри тақдир зани сеюми марде гашта, соҳиби ду писарчаи нозанин шудам. Вақтҳои охир шавҳарам ба хона намеояд. Бо дасти ҳар кас барои ману фарзандонаш пул мефиристад, аммо ба диданамон омаданӣ нест.

Занг зада, ӯро пазмон шудани бачаҳоямро бигӯям, серкориашро баҳона мекунад ё ба ғазаб омада «тамоми шароитро муҳайё кардам, аз ман боз чӣ мехоҳӣ?» гӯён, дод мезанад. Кӯдаконам ҳар рӯз дар куҷо будани падарашонро пурсида ҷонамро ба лабам меоранд. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед!

Маслиҳат:

Хоҳари азиз! Ман намедонам, ки байни шумо ва шавҳаратон чӣ гап гузаштаасту чаро мардакатон якбора аз зиндагӣ дилсард гаштааст. Равшантар мефаҳмондед, шояд мо ягон роҳи ҳалли масъаларо меёфтем. Ба ҳар ҳол кӯшиш мекунем, ки андаке бошад ҳам, ба шумо кӯмак расонем. Пеш аз ҳама ором шавед. Баҳудаю беҳуда ба шавҳаратон занг зада, асабҳояшро хароб накунед, шояд мардакатон ягон мушкилоте дорад, ки онро ба шумо гуфта наметавонад. Муомилаи хуб намоед. Меҳрубонии шуморо дида, шояд вай ба наздатон баргардад. Дар сурати бар нагаштанаш метавонед баъди паст шудани қаҳру ғазаб ва аламатон ба ӯ занг зада таклиф намоед, ки дар ягон ҷо во хӯрда муносибатҳои минбаъдаатонро оромона муайян созед. Аслан хуб накардед, ки ба бахти каси дигар шарик шудед. Ягон марди олам то ба имрӯз зани дуюму сеюм гирифта ӯро якумра хушбахт накардааст. Инро фаромӯш насозед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД