Arzon march 2024
ШАВҲАРАМ САРАМРО КАЛ КАРД
10546

 

Ман як зани гунаҳгорам. Аз рӯзи аввали зиндагиамон ҳамеша бо шавҳарам ҷангу ҷанҷол бардошта, талаб мекардам, ки ба ман ин хараду он харад.

Панду насиҳат ба гӯши мани эркадухтари шаҳрӣ намедаромад, гапи худамро гап ва табъамро шоҳу худро вазир мепиндоштам. Шавҳарам аз ҷангу ҷанҷоли ман безор шуда ба хона кам меомадагӣ шуда монд. Баҳона пеш меовард, ки кораш бисёр аст. Аз рашк дарун ба дарун сӯхта «чаро ба хона дер меоӣ?» гӯён, аз гиребонаш мегирифтам. Рӯзе боз аз рашк гиребонашро гирифтаму косаи сабри мардакам лабрез гашта, чанг зада аз банди кокулонам дошт ва маро кашон-кашон ба берун баровард.

Бо тамоми овоз доду фарёд мезадам, вале на модараш маро аз чанги ӯ халос карда метавонисту на хоҳаронаш. Гиря кардам, барои раҳоӣ ёфтан хеле дасту по задам, вале ӯ кори мекардаашро дар ҳақам кард-қайчии бузтароширо гирифта сарамро бузтарош намуд ва таъкид кард, ки агар як бори дигар аз гапаш бароям талоқамро дода аз дарвоза берун мекунад. Ростӣ, чашмам сахт тарсид. Оби чашмонамро поккунон шартҳояшро қабул кардам.

Дигар бо сари кал поямро аз дари хона ба берун монда наметавонам. Қаҳр карда ба хонаи падарам нарафтам, чунки гунаҳкор буданамро медонам. Пас аз сарамро кал кардан ақлам ба ҷояш омад. Акнун ман он арӯсаки шаттоҳи пештара нестам, ҳар як суханамро санҷида мегӯям ва баҳудаю беҳуда ба асаби шавҳарам намерасам. Хешу таборам занг зада ба хонаат меҳмонӣ меравем гӯянд, зуд ягон баҳона пеш меорам, зеро мӯйи сарам то ба ҳол пурра набаромадааст. Барои чӣ саратро кал кардӣ гӯянд, чӣ ҷавоб медиҳам?

Оқибати беандешагӣ ҳамин будааст дугонаҳои азиз, ҷони шавҳаратонро ба лабашон наоред, ки мисли ман шарманда мешавед!

Нигора, ш. Душанбе  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД