Sebiston new 2024 october
Шавҳарам писардор шуду занбозиро сар кард
10.10.2022
ОИЛА
1760


Салом хонандагони азиз. Ман ба маслиҳати шумо ниёз дорам. Муддати 5 сол аст, ки оиладор ҳастам.

Ман хеле дер ҳомиладор шудам ва тавлиди фарзанд сари ману шавҳарамро, ки ташнаи фарзанд будем, ба осмон расонд. Гумон доштам, ки дигар чизеву касе садди роҳи хушбахтии мо шуда наметавонад, вале бо сабабҳои номаълум баъди ду моҳи таваллуди тифламон шавҳарам яку якбора нисбати ман сарду бе илтифот шуд. Аз чунин рафтораш ба ҳайрат меоям, зеро муддати 4 соли ҳомиладор нашуданам шавҳарам боре ба ман гапи пасту баланд нагуфта буд, маро эрка карда, рӯи даст мегардонд. Баъди таваллуди фарзандамон рӯзе нест, ки мо муноқиша накунем. Ман кинагир нестам ва аввалин шуда, оштӣ мекунаму узр мепурсам.

Боре аз ӯ ягон чизи қиматбаҳо талаб накардаам, танҳо муҳаббату меҳрубонӣ бароям кифоя аст. Вале шавҳарам имрӯз бароям бегона шудааст. Ҳис мекунам, ки ӯ дигареро ёфтааст. Вақте дар ин бора ба ӯ мегӯям, дар ҷавоб мегӯяд, ки “ношукрӣ мекунӣ, Худо туро мезанад!” Магар аз шавҳар меҳрубонӣ талаб кардан, ношукрӣ кардан аст? Рӯз ба рӯз шавҳарам бегонатар мешавад.

Ман ӯро бештар аз худам дӯст медорам ва шояд маҳз ҳамин корам боиси аз худ рафтанаш шуда бошад. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, бонувони азиз?

Шукрона

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД